Волфрамит

From Wikipedia, the free encyclopedia

Волфрамит
Remove ads

Волфрами́т — минерал, формулаи кимиёиаш (FeMn)WO4.

Quick facts Волфрамит, Вольфрамит из Португалии ...

Волфрамит соли 1758 дар таркиби минерали шеелит кашф шуд. Кристаллбандиаш моноклинӣ. Асоси сохтори кисталлҳояшро занҷирчаҳои каҷукилеби (Mn, Fe) O6 ва октаэдрҳои WO6 ташкил медиҳанд. Кристаллҳояш призмашакли дарозу кӯтоҳ, сандуқчамонанд буда, дуқуллаанд. Рӯяҳои кристаллҳояш рахдор. Ранги волфрамит – сиёҳи дорчинӣ, ферберит – сиёҳ, гюбнерит – қаҳваӣ. Вазни хоссаш 7100–7600 кг/м3. Манбаи асосии унсури волфрам. Хӯлаҳои сахти аз волфрам (3–15%), хром (25–35%), кобалт (45–65%) ва карбон (0,5–2,7%) таркибёфтаро барои рӯйпӯши бели экскаваторҳо, плугҳо, паррачархи турбинаҳо, қайчиҳо ва ғ. истифода мекунанд. Филиззи волфрамро барои истеҳсоли лампаҳои барқӣ, асбобҳои гармкунанда (то 3000°С), дар филиззкорӣ (металлургия)-и сиёҳ барои истеҳсоли пӯлодҳои махсус, дар саноати асбобсозӣ ва дигар соҳаҳо ба кор мебаранд. Конҳои В. дар Тоҷикистон, Хитой, Қазоқистон, Русия, Боливия, Ҷопон, Алания мавҷуданд.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads