Гала
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Гала — гурӯҳи аспу шутурҳо. Дар гала аспҳои ҳамзот, ҳамҷинс, ҳамсолро нигоҳ медоранд. Галаи аспони минтақаҳои дашт аз 125—175 сар, галаи аспони мавзеъҳои кӯҳсор аз 50-75 сар иборат аст. Ду усули парвариши гала — чарогоҳӣ ва чарогоҳиву тавилагӣ вуҷуд дорад. Аввалан аспҳо зимистону тобистон дар чарогоҳ нигоҳ дошта мешаванд, баъдан аспҳо (хусусан аспҳои асилзот)-ро тобистону тирамоҳ дар чарогоҳ нигоҳ дошта, зимистон дар тавила бо ему хошок парвариш мекунанд. Маҳсулот (гӯшту қимиз)-и аспҳои чарогоҳ нисбат ба аспҳои тавила ду баробар арзон аст.

Дар Тоҷикистон галаро асосан дар чарогоҳ мепарваранд. Дар як гала беназорат нигоҳ доштани ҳайвоноти ҷинсашон гуногун боиси ҷуфтишавии бармаҳали ҷавонаҳо мегардад.
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads