Гулрафтор Шаҳобова

Сарояндаи тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Гулрафтор Шаҳобова (15 ноябри 1939, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — августи 2018[1], Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Quick facts Гулрафтор Шаҳобова, Таърихи таваллуд ...

Зиндагинома

Гулрафтор Шаҳобова 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.

Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони дав­ронаш маҳсуб меёфт. Гӯиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва до­ғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.

Remove ads

Эҷодиёт

Монанди гули худруста решаашро бароварда, суруду таронаҳои зиёде аз қабили «Қади раъно», «Духтари деҳқон», «Тоҷикистон», «Рубоиёти халқӣ», «Сол», «Ба меҳнат», «Дӯстӣ», «Моҳи ман», «Хабар меояд», «Рӯҳи ҷонон», «Ватанам» ба хидмат овард, нолаҳои дутор ҷаҳон­гашта намудандаш, ба тамоми ҷамоҳири шӯравӣ, Афғонистону Туркияю Сейлону Австрия ва дигар давлатҳо ҳамроҳи ҳунармандони тоҷик сафарҳо намуд[2].

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads