Дилбар Валаматзода

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Дилбар Ғаффоровна Валаматзода (13.02.1952, шаҳри Душанбе – 1994 шаҳри Душанбе), пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон(1987).

Quick facts Дилбар Валаматзода, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Дилбар Ғаффоровна Валаматзода дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ғаффор Валаматзода ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи махсуси мусиқи ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ (1971) ва Консерваторияи давлатии шаҳри Боку ба номи Узеир Ҳоҷибеков (1976). Муаллими кафедраи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1976-80), муаллими калони кафедраи мазкур (1980-81). Аз соли 1981 мудири кафедраи ансамбли камеравӣ ва маҳорати консеритмейстерӣ ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.

Remove ads

Эҷодиёт

Валаматзода махсусан дар навохтани арғунун маҳорати хуб дошт. Дар консертҳои бахшида ба рӯзҳои маданият ва санъати Тоҷикистон дар Маскав (1967), Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Берлин (1973), Симпозиуми умумиҷаҳонии мусиқии мамлакатҳои Осиё ва ЮНЕСКО дар Алмаато (1973), консерт дар ду бахш дар ш.-ҳои Норак, Қурғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва дигарон ноҳияи-ҳои ҷумҳурӣ (1976-77), консерти бахшида ба 100–солагии С. Айнӣ дар ансамбли скрипканавозони Театри калони ИҶШС дар Маскав (1978), консерти арғунун дар толори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1980) ва ғ. иштирок намудааст. С. 1991 Валаматзода бо ҳамсараш, овозхони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ба Италия ба шаҳри Милан ба кор таклиф шуданд. Валаматзода аз ихтисоси фортепиано, А. Холиқов аз вокал ба бачагон касб меомӯхтанд ва ҳарду якҷоя консерт медоданд.[1]

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads