Дилшод Назаров
гурзпартои тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Ҷамолиддинович; 6 майи соли 1982, Душанбе) — гурзпартои тоҷик, чемпиони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.[2]
Remove ads
Зиндагинома
Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Мураббиёнаш — модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.
Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи 44-уми Генералии Шӯрои олимпии Осиё (OCA) Дилшод Назаров ҳамчун Раиси Кумитаи Варзиш барои ҳама — Узви Кумитаи иҷроияи Кумитаи олимпии Осиё интихоб гардид[3].
Ҳаёти шахсӣ
Оиладор аст ва ду фарзанд дорад. Ҳоло ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Падари ӯ сарбоз буд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон вафот намудааст. Модари Дилшод омӯзгор ва мураббии тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Remove ads
Бозиҳои Осиё
Дилшод Назаров қаҳрамони секаратаи Бозиҳои Осиё, аз ҷумла Бозиҳои XVII Осиё аст.[4].
Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук
23 августи соли 2015 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин соҳиби ҷойизаи дуюм гардид. Ӯ якумин аз варзишгарони тоҷикистониест, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-Дежанейрои Бразилия (соли 2016) роҳхат гирифт.[5]
Бозиҳои олимпӣ
Иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 барои Дилшод Назаров бори чорум буд. Бори нахуст ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Афина-2004, бори дуюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин-2008 (ҷойи 11 дар гурзандозӣ) ва бори сеюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон-2012 ширкат варзида соҳиби ҷойи 10 дар гурзандозӣ гардидааст.[5]
Бозиҳои олимпии тобистона 2016
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.[6]
Рӯзи 16 август рӯйхати ширкатдорони мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия эълон шуд. Мусобиқоти интихобӣ миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ — A ва B — барпо гардид. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Булғористон ва ИМА сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок карданд.
Ба гурӯҳи В варзишгарон аз Булғористон ва Британияи Кабир (дунафарӣ), аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Ӯзбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Туркия, Тоҷикистон, ИМА ва Эрон (якнафарӣ) шомил буданд.[7]
Мусобиқоти гурӯҳи В рӯзи 17 август соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шурӯъ шуд. Дилшод Назаров дар навбати сездаҳум ва таҳти рақами 2967 рақобат кард.
Натиҷаи мусобиқоти интихобӣ
Дилшод Назаров дар мусобиқоти интихобӣ гурзро ба масофаи 76 метру 39 сантиметр партофта, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар ҷойи севум қарор гирифта,[8] ба даври ниҳоии сабқати гурзандозҳо дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳ ёфт.
Дар ин гурӯҳ варзишгари Лаҳистон Войтсех Новитский бо натиҷаи 77.64 метр мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дувум бо натиҷаи 76.51 метр насиби Иван Тихон аз Беларус гардид.
Натиҷаи мусобиқоти финалӣ

Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори медали тилои Бозиҳои олимпӣ гардид.
Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.

Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ маълум шудаанд, мубориза бурданд. Ин сабқат миёни Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия), Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Виноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон) сурат гирифт. Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин буд, таҳти рақами 2967 рақобат кард.
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Дилошод Назаров
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тилоии Бозиҳои олимпии тобистона 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.[9]
Ҷоизаи давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон

Шоми 26 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгари Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI — тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро-2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI — тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро−2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров 300 000 сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.[10]
Remove ads
Ҷоизаву орденҳо
- 2015 — Ордени Шараф, дараҷаи II[11]
- 2016 — Ордени Шараф дараҷаи I[10]
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads