Занҷири электрӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Занҷири электрӣ — маҷмӯи сарбастаи олоту унсурҳое, ки дар он ҷараёни электрӣ ҷорӣ шуда, равандҳои электромагнитӣ тавассути мафҳумҳои қувваи ҷараён ва шиддат тавсиф дода мешаванд.
Занҷири электрӣ бо ёрии аломатҳои шартӣ, ки тарҳи электрӣ ном дорад, ифода ёфта, аз манбаи ҷараёни электр (генераторҳо, аккумуляторҳо ва ғ.), истеъмолкунандагони ҷараён, ноқилҳову асбобҳои назорат иборат мебошад. Дар манбаъҳо намудҳои гуногуни энергия (механикӣ, қимиёӣ, ҳароратӣ ва ғ.) ба энергияи электрӣ, дар истеъмолкунандаҳо, баръакс, энергияи электрӣ ба намудҳои дигари энергия (ҳароратӣ, механикӣ, рӯшноӣ, қимиёӣ ва ғ.) табдил меёбанд.
Занҷирҳои электрӣ аз рӯи тарҳи пайваст бешоха ва чандшоха мешаванд. Агар ҳама унсурҳои занҷири электрӣ хаттӣ бошанд (дар он манбаъҳои ҷараён ба манбаъҳои ҷараёни идеалӣ наздик буда, резисторҳо бо қонуни Ом амал мекунанд, конденсаторҳои электрӣ ва ғалтакҳои индуктивият ва дилхоҳ унсури дигар бо муодилаҳои дифференсиалии хаттӣ тавсиф дода мешаванд), чунин занҷири электрӣ хаттӣ ва агар унсурҳояш ғайрихаттӣ бошанд, занҷир ғайрихаттӣ номида мешавад. Функсияи вобастагии ҷараёни аз унсури дуқутба ҷоришаванда ба шиддат тавсифи волтамперӣ (ТВА) ном дорад. Аксар вақт ТВА-ро ба таври графикӣ дар координатаҳои декартӣ (маъмулан, дар тири абсисса шиддат ва дар тири ордината ҷараёнро) ифода мекунанд. Дар занҷири электрӣ қонуни Ом, қоидаи ҷараёни Кирхгоф, қоидаи шиддати Кирхгоф татбиқпазир мебошанд.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads