Запорижжя
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Запорожйе (укр. Запорі́жжя, то соли 1921 Александровск) — шаҳр дар ҷанубу шарқии Укройн, маркази маъмурии вилояти Запорожйе. Аҳолиаш 749 ҳазор нафар (2017). Дар соҳили рӯди Днепр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 331км². Шабакаи калонтарини роҳҳои автомобилгард ва р. о., бандари дарёӣ ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.
Remove ads
Таърих
Соли 1556 княз Д. И. Вишневский дар ҷазираи Хортисаи Хурд (ҳоло ҷазраии Байда, дар ҳайати маъмнӯъгоҳи Хортиса), дар наздикии соҳили рости рӯди Днепр қалъае бунёд кард. Дар давраи ҷанги Руссия ва Туркия (1735-39) дар ҷазира корхонаи киштисозии Запарожйе фаъолият мекард. Баъди сулҳи Белград (1739) сипоҳиёни Руссия ҷазираро тарк карданд. Соли 1770 дар соҳили чапи д. Днепр дар арафаи ҷанги Руссия ва Туркия (1768-74) қалъаи Александровск бунёд гардид, ки ба шарафи А. М. Галисин номгузорӣ шуд. Аз соли 1755 дар атрофи қалъа сокиншавии аҳолӣ оғоз шуд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 Александровск маркази мошинасозӣ шуд. Дар оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар шаҳр 47 заводу фабрика фаъолият дошта, 13 заводи мошинасозӣ муттаҳид шуданд. Аз апрели 1920 то марти 1921 маркази губ. Александровск буд, соли 1921 ба Запорижжя тағйири ном кард. Солҳои 1921-22 маркази маъмурии губ. Запорожеи ҶШС Укройн буд. Солҳои 1925-30 шаҳри округии ҶШС Укройн, солҳои 1932-39 дар ҳайати вил. Днепропетровск ва аз соли 1939 маркази маъмурии вил. Запарожйе. Бо бунёди НБО-и Днепр (1927-32) Запорижжя ба яке аз марказҳои истеҳсоли неруи барқ ва филиззоти сиёҳу рангаи ИҶШС мубаддал гардид. Дар охири солҳои 30 асри 20. «Запорожстал» ва «Днепроспесстал», инчунин з-дҳои истеҳсоли алюминий корхонаҳои бузурги Запорижжя ба ҳисоб мерафтанд. Дар давраи ҶБВ (1941-45) корхонаҳои шаҳр муҳиммоти ҷангӣ истеҳсол мекарданд. Аз 4.10.1941 то 4.10.1943 шаҳрро лашкари Олмон ишғол кард. Зимни муҳосира зиёда аз 44 ҳазор нафар сокинонаш фавтида, 58 ҳазор нафар барои корҳои ислоҳотӣ ба Олмон бадарға карда шуданд. Тамоми иншооти саноатӣ ва 900 ҳазор м² манзилҳои иқоматӣ хароб гардиданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангии соли 1943 Запорижжя аз муҳосира озод шуд.
Remove ads
Саноат
Ҳоло Запорижжя яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат буда, зиёда аз 160 корхонаи саноатӣ дорад. Дар Запорижжя соҳаҳои саноати мошинасозӣ, коркарди филиззоти рангаву сиёҳ ва кимиё рушд кардааст. З-дҳои бузургаш: «Запорожстал» (истеҳсоли чӯян, пӯлод), «Днепроспесстал» (истеҳсоли пӯлоди олатбоб), хӯлаи оҳан, з-ди алюминий, з-ди автомобилбарории ЗАЗ (истеҳсоли автомобилҳои тамғаи «Таврия», «Славута», «Сенс», «Ланос») ва автобусҳо; васлкунии автомобилҳои тамғаи «Шевролет», «Опел», «ВАЗ», «Мерседес-Бенс», «Чери»-и хитойӣ ва автомобилҳои боркаши сабукрави «Тата». Дар Запорижжя корхонаҳои электротехникӣ ва радиоэлектронии «Запарожтрансфарматор» (трансфарматори махсус, реактори барқӣ ва ғ.), з-дҳои истеҳсоли дастгоҳи электронии «Преобразовател», «Радиоприбор», истеҳсоли масолеҳи бинокории «Запорожремстрой комплекс», корхонаҳои мебелбарорӣ, дӯзандагӣ, пойафзордӯзӣ фаъолият доранд.
Запорижжя маркази илм ва фарҳанги кишвар буда, ин-тҳои таҳқиқоти илмӣ, лоиҳакашӣ, ин-ти чорводорӣ (1930), Ин-ти илмӣ-таҳқиқотии Укройн «Преобразовател» (1969), донишгоҳи миллии техникӣ, донишгоҳи тиббӣ, донишгоҳи миллӣ, академияи муҳандисӣ, донишгоҳи гуманитарӣ, ин-ти иқтисод ва технологияи иттилоотӣ, филиали мактабҳои олии Укройн ва зиёда аз 20 китобхона дорад. Ҳамчунин, дар Запорижжя мамнӯъгоҳи миллии Хортиса, осорхонаҳои кишваршиносӣ, бадеӣ, театри вилоятии мусиқӣ-драмавии ба номи В. Г. Магара, Театри лӯхтак ва тамошобини наврас, Толори консертии ба номи М. И. Глинка, филармонияи вилоятӣ (бо оркестри симфонӣ), сирк, клуби футболи «Металлург» (дар варзишгоҳи «Арена Славутич»), клуби баскетболи занонаи «Казачка — ЗалК», клуби гандболи «Мотор», клуби мардонаи гандболи «ЗТР» ҷойгиранд.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads