Заранг

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Заранг (лот. Acer Regellii) — дарахтест аз оилаи фаркиҳо.

Quick facts Заранг, Табақабандии илмӣ ...

Аз 6-8 то12 м қад мекашад. Ғафсии танааш 25-30 см. Дарахти бутташакл буда, пояи бисёр дорад. Шохаҳои пираш хокистарранг, навдаҳояш қаҳваранг. Баргаш (дарозиаш 5-8 см, бараш 8-10 см) чармгун, рагдор, сепарраи пашмак. Хӯшагулаш ҷорӯбшакл. Гулаш майда, зарди сабзтоб (айёми гулшукуфташ то охирҳои апрел идома меёбад). Мевааш (дарозиаш 3-4 см) сурх (баъд қаҳваранг мегардад), ду-се қанотак дорад. Сентябр — октябр пухта расида, то охири тирамоҳ дар шохаҳо боқӣ мемонад. Заранг дар Эрон, Афғонистон ва минтақаҳои дарахту буттазори кӯҳсори Осиёи Марказӣ (дар баландиҳои 800—2200 м аз с. б.) мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой ва Помири Ғарбӣ (дар чормағззорҳо, арчазорҳо ва буттазорҳои ксерофит) дучор меояд. Аз тухм афзоиш меёбад. Зарангро нахустин бор соли 1939 дар Стансияи кӯҳии Варзоб дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (мавзеи Кондара) парвариш кардаанд. Парвариши он аз соли 1951 дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст (дар 1 га то 5500 бех ниҳол шинонда мешавад). Дар хоҷагиҳои ҷангал тухми зарангро тирамоҳ ё то баҳор дар реги намнок (60-70 рӯз) нигоҳ дошта, баҳорон мекоранд; ниҳолҳоро баъди яксола шуданашон дар нишебии кӯҳҳо мешинонанд. Заранг дарахти серреша аст, бинобар ин хокро аз обшӯю бодлес шудан пешгирӣ мекунад. Заранг 100—150 сол умр мебинад. Дарахти куҳансолтарини он, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, 7 м баландӣ ва 132 сол умр дошт.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads