Заранҷ (шаҳри таърихӣ)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Заранҷ (форсӣ: زرنج) Заранг — шаҳри қадимӣ дар Хуросони Бузург, маркази Систон, аввалин пойтахти давлати Саффориён.
Ба қавли муаллифи «Таърихи Сиистон», шаҳри мазкурро Гаршосп бунёд кардааст ва бо сабаби ободу киштзор шуданаш тавассути Золи Зар бо номи Заранҷ машҳур гардид. Заранҷ маркази Сиистон буд, ки дар осори таърихнигорони юнонӣ бо номи Дрангиана ёд мешавад. Дар аҳди қадим маркази Сиистон — Ромшаҳристон (миёни Кирмону Сиистон) ном дошт ва сарбанди асосии рӯди Сиистон дар ин шаҳр воқеъ буд. Бо канда шудани сарбанди рӯд сокинони Ромшаҳристон кӯч баста, дар макони дигар Заранҷро бунёд намуданд. Арабҳо дар аҳди хилофати Усмон (644—656) шаҳрро ишғол карда, онро Заранҷ ва «Мадинату-с-Сиҷистон» номиданд. Дар аҳди Саффориён Заранҷ равнақ ёфта, кохҳои Яъқуби Лайс, Амри Лайс, манора ва масҷид аз ҷумлаи биноҳои шаҳр буданд. Заранҷ аз се бахш — диж, шаҳристон ва рабаз иборат буд. Атрофи шаҳрро девор иҳота мекард, ки панҷ дарвоза дошт: дарвозаҳои Нав, Куҳан, Каркуя, Нешак ва Таом. Атрофи рабаз хандақ ва 12 дарвоза дошт. Масҷиди ҷомеъ, бемористон ва бозори Заранҷ дар шаҳристон ҷойгир буданд. Маҷмӯаи биноҳои собиқ Яъқуби Лайс дар байни дарвозаҳои Каркуя ва Нешак қарор доштанд, ки мардум онҳоро Арг меномиданд. Шаҳр аз ду ҳавзи калони атрофи масҷиди ҷомеъ бо об таъмин мешуд. Заминҳои Заранҷ регистону шӯразор ва ҳавояш гарм аст. Водии Заранҷ бо осиёбҳои бодӣ, ҷома, фарш ва хурмои хушкаш машҳур буд. Дар давраи тохтутози муғул сокинони Заранҷ муқовимати сахт нишон додаанд ва шаҳр қисман хароб гардид. Дар замони ҳуҷуми Темур сокинони Заранҷ қатли ом шуданд ва шаҳр тамоман хароб гардид. Харобаҳои Заранҷ дар маҳалли Заранҷи рустои Нодалӣ боқӣ мондааст.
Шаҳри имрӯзаи Заранҷ дар ҷанубу ғарби Афғонистон воқеъ буда, маркази вилояти Нимрӯз аст.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads