Зарафшон (пирях)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Зарафшон — пирях дар пайвандгоҳи қаторкӯҳҳои Олой, Туркистон ва Зарафшон (Банди кӯҳи Масчо), яке аз бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ.
Ҷуғрофиё
Дар шимол аз он рӯди Зарафшон ибтидо мегирад. Дарозиаш 27,3 км, бараш то 2 км. Масоҳати қисми асосии пирях 44,1 км², бо шохаҳояш 127 км². Нуқтаи баланди пирях – 4900 м, пасташ – 2770 м. Зарафшон шаклан пиряхи дарахтмонанди сершохаи дараҷаи I ва II аст. То солҳои 1960 Зарафшон 21 адад шоха дар масоҳати 132,6 км² (аз он 14,8534 км² ях) дошт. Майдони асосии селаи Зарафшон 13 км², бараш 1,6 км ва нишебиаш 8°. Ғафсии миёнаи ях – 200 м (усули электрозондӣ, 1962). Ба Зарафшон то соли 1970-ум 11 шохаи дигар (пиряхҳои Фараҳнов, Толстой, Скачков, Мирамин, Охун, Назарайлоқ-1, Назарайлоқ -2, Парак ва Ярхич) пайваст гардид. Соли 2017 ба Зарафшон 6 адад пирях бевосита пайваст мебошад. Ҳоло Зарафшон 32 шоха дорад, ки бузургтаринашон инҳоанд: пиряхи Толстой (дарозиаш 11,7 км, масоҳаташ 19,4 км²), Фараҳнов (14,4, км ва 14,2 км²), Мирамин (7,1 км ва 9,6 км²), Скачков (6,5 км ва 8,7 км²). Пиряхи Зарафшон-ро бори нахуст (1871) П. Аминов, баъдтар (1880) И. В. Мушкетов таҳқиқ кардаанд. Экспедитсияҳое, ки солҳои баъдӣ бо роҳбарии Л. К. Давидов (1927, 1946), М. В. Косарев (1931), В. П. Учайкин (1932) ташкил шуда буданд, пиряхи Зарафшон-ро ҳаматарафа омӯхтанд. Солҳои 1957–62 бо мақсади таҳқиқи Зарафшон экспедитсияи муттаҳидаи Ин-ти геология ва геофизикаи ба номи Ҳ. М. Абдуллоеви АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ун-ти давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) гузаронида шуд. Аз соли 1927 инҷониб кормандони Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи географияи назди Раёсати АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ин-ти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология вазъияти ҳудуди поинии пиряхро мунтазам назорат мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки пиряхи Зарафшон (аз соли 1880) беш аз 2 км кам ва қариб 1,5 км² майдон аз ях холӣ шудааст. Аз ҷумла, солҳои 1960–2007 шохаҳои он (Фараҳнов аз 23,4 км² ба 14,2 км²; Толстой аз 23,9 км² ба 19,4 км²; Скачков аз 13,9 км² ба 8,7 км²; Мирамин аз 16,5 км² ба 9,58 км²; Охун аз 4,5 км² ба 2,7 км²; Назарайлоқ-1 аз 5,4 км² ба 3,95 км²; Назарайлоқ-2 аз 10 км² ба 8,3 км²; Парак аз 2,6 км² ба 1,63 км²; Ярхич аз 2,7 км² ба 0,89 км²) коҳиш ёфтаанд. Камшавии пирях нобаробар (соле аз 8 м то 65 м) ба мушоҳида мерасад.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads