Зарбулмасал

From Wikipedia, the free encyclopedia

Зарбулмасал
Remove ads

Зарбулмасал (ар. ضرب‌المثل), матал[1], масал — жанри фолклорӣ, сухани кӯтоҳу машҳур, ки ба қиссаи ибратомез ё гуфтори нуктаомӯзе ишора мекунад ва ҷойи тавзеҳи бештарро мегирад.

Thumb
Зарбулмасалҳои ҳолландӣ, асари Питер Бругел

Мафҳум ва истилоҳот

Зарбулмасал ба мақол, панду ҳикмат, андарз ва афоризм қаробат дорад. Маъмулан, дар паси баъзе аз зарбулмасалҳо таърихча ва достони пандомӯзе нуҳуфтааст. Бисёре аз ин достонҳо фаромӯш шудаанд ва пешинаи бархе аз амсол барои баъзе аз мардум равшан нест, аммо дар сухан истифода бурда мешавад. Мафҳуми зарбулмасал дар байни тоҷикон бо вожаҳои масал, мисол, матал, мақол, нақл, қавли машоих, сухани бобоён, қавли бузургон, гуфти калонҳо, сухани падарон ва монанди инҳо ифода ёфтааст. Шакли дурусти ин вожа «масал» аст, ки «зарб» дар ибтидои он изофа шудааст. Ба ибораи дигар, «зарбулмасал» ба маънои «масал задан» (ба тоҷикӣ «достон задан») аст. Вожаи «масал» арабӣ ва форсии он «матал» мебошад. Агар масал овардан сурати беадабона пайдо кунад, онро «маталак» мегӯянд. Мардум дар гуфтори худ, барои ин ки матлабашон ҷаззобу дақиқ ифода ёбад ва онро шунаванда беҳтар дарк кунад, аз зарбулмасалҳо истифода мекунанд. Бархе аз зарбулмасалҳо дароз, бархе кӯтоҳ буда, бо ду ё се калима хулоса мешаванд, монанди «филу сатил», ки чизҳои аз ҷиҳати бузургию кӯчакӣ бо ҳам таносуб надоштаро мефаҳмонанд. Ин масал дар асл дорои панҷ калима («Об додани фил бо сатил») аст, вале, маъмулан, бо ҳамин ду калима ба асли масал ишора мекунад. Ибороти масал гоҳе дароз аст: «Уштура гуфтам ғамза кун, полиза вайрон карду рафт». Зарбулмасал метавонад як байти шеър ё фақат як мисраи шеър ё ҷумлае маъруф бошад. Масалан, вақте ки мегӯянд: «Ду мор аз як сӯрох берун нашудааст, ки яке туркӣ бихонаду якеяш форсӣ», манзур он аст, ки фарзандони як падару модар баробаранд ва аз якдигар бартарӣ надоранд.

Зарбулмасалҳо дар шакли ҷумлаи содаю мураккаби кӯтоҳ, мисраъ, байт ва фиқраҳои мусаҷҷаъ эҷод шудаанд. Зарбулмасалҳо метавонанд ба шакли ҷумлаи тасдиқӣ ё инкорӣ ва қисман саволӣ оянд. Саволҳо хусусияти риторикӣ дошта, ҷавоб талаб намекунанд. Бисёр зарбулмасалҳо ҷумлаи умумишахс, номуайяншахс ва бешахс буда, маъноҳои амиқро ифода мекунанд ва зуд дар хотир нақш мебанданд («Каҷ дору марез», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард», «Аз гунҷишк тарсӣ, арзан макор», «Кори имрӯзаро ба фардо магузор», «На тоқати гармо, на тоқати сармо»). Сохти ботаносуб (симметрӣ), мутавозият (параллелизм) ва тазод асоси зарбулмасалро ташкил медиҳанд: «Аз нек шарофат, аз бад касофат», «Ҷавонию ҳазор лаззат, пирию ҳазор иллат», «Тобистон рӯ ба зимистон, зимистон рӯ ба тобистон». «Вақтат рафт, бахтат рафт» ё «Вақт рафт, нақд рафт», «Бошад чиҳо кунам, набошад чӣ кор кунам», «Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат». Ташбеҳу истиора ва маҷозу киноя дар зарбулмасалҳо мақоми калон доранд. Зарбулмасалҳо аз ҷиҳати бадеият ва камолоти санъати сухан саҳли мумтанеъ буда, намунаҳои беназири эҷодиёти бадеии мардуманд.

Бисёре аз зарбулмасалҳо, пеш аз он ки дар осори нависандагон ё шоирон зоҳир шаванд, муддатҳо дар забону гӯиши омиёнаи мардум роиҷ ва фаровон буда, монанди афсонаҳо ва қиссаҳо шифоҳӣ нақл шудаанд. Зарбулмасалҳои ом дар ташаккул ва такмили забони адабии ҳар миллат, аз ҷумла забони адабии тоҷик, нақши калон мебозанд. Зарбулмасалҳо дар адабиёт воситаи муҳимми тасвир ва таҷассуми бадеии воқеият ба шумор мераванд. Дар навбати худ бисёр асарҳои бадеӣ манбаи пайдоиш ва густариши зарбулмасалҳои мардумии тоҷикӣ гардидаанд. Қисме аз зарбулмасалҳои омиёна дар таҳрири классикони адабиёт маъмулу машҳур шудаанд.

Remove ads

Таърихи ҷамъоварӣ ва пажӯҳиш

Дар ҳамаи забонҳои дунё зарбулмасал фаровон аст. Баъзе зарбулмасалҳо дар ҳамаи забонҳо ба ҳам шабоҳат доранд. Таърихи тамаддуни миллате ҳар қадар дарозтар бошад, ҳодиса бештар дар он рух дода, масалҳои бештар низ дар он ба вуҷуд омадаанд. Дар нутқи тоҷикон низ даҳҳо ҳазор зарбулмасал вуҷуд дорад. Дар мавриди пайдоиш ва ривоҷи зарбулмасалҳо ва истилоҳоти масалӣ ҳеч гуна иттилое дар даст нест. Намунаҳое, ки имрӯз ҳамчун зарбулмасал роиҷ шудаанд, нахуст гуфтори лаҳзавӣ ва таровиши барқосои андешаи инсони сухангӯ буданд, ки ба хотири муассир ва дақиқу дилнишин буданашон дар зеҳни шунаванда ҳак ва сипас такрор шудаанд. Аввалин гӯяндаи як ибораи масалӣ ҳамчун гӯяндагон ва нависандагони ашъори фолклорӣ ва устураҳои бостонӣ ношинохта мондааст. Дар асоси матнҳои таърихӣ аввалин бор Арасту ба ҷамъоварии зарбулмасалҳо ё худ (масалҳову ҳикматҳо) ва таҳқиқи илмии онҳо иқдом кард. Мутаассифона, рисолаи ӯ бо номи «Амсолу ҳикам» аз байн рафтааст. Дар Юнони Бостон файласуфон, шоирон ва нависандагоне монанди Афлотун, Аполлоний, Сафокл, Ҳомер, Аристафон, Ахиллес, Эврипид ва дигарон дар осори худ баробари аз зарбулмасалҳо истифода бурдан, онро ба унвони бахше аз адабиёт ҳамрадифи дигар мисолҳо қарор додаанд. Нависандагону файласуфони румӣ ҳам навиштаҳои худро бо зарбулмасалҳо музайян намуданд, вале ҳеч кадом ба таҳқиқу ҷамъоварии онҳо напардохтаанд. Зимнан, аксари масалҳои адабиёти румӣ реша дар масалҳои юнонӣ доранд. Зарбулмасалҳо нисбат ба осори хаттии адабӣ пештар вирди забонҳо будаанд ва дар адабиёти бостонии миллатҳои мутамаддин забт шудаанд. Мардуми Шарқи Қадим, аз ҷумла эрониён, ҳиндуҳо, арабҳо, чиниҳо низ намунаҳои олию беназири зарбулмасалҳоро эҷод кардаанд, ки қисме аз онҳо дар ҷаҳон машҳур гаштаанд. Ба туфайли осори юнониву румӣ баъзе зарбулмасалҳои ниёгони тоҷикон — бохтариён низ то замони мо омада расидаанд.

Дар давраи Эҳё ва асрҳои баъдӣ, махсусан асрҳои 19 ва 20, фолклоршиносӣ хеле равнақ гирифт, зарбулмасалшиносӣ ё ба истилоҳ паремиология, ки аз шохаҳои фолклоршиносист, тадриҷан чун соҳаи мустақили илм ташаккул ёфт. Дар зарбулмасалҳо хӯ ва хислати ҳар миллат, маданияти бадеӣ, фалсафӣ, тарзи тафаккур, ақидаҳои педагогию фалсафӣ, ҷаҳоншиносӣ, урфу одат, назокату салосати забон, меҳру муҳаббати халқ ба ватан, зодгоҳ, эҳтиром ба кори шарофатмандона, нафрат нисбат ба хоинону золимону истисморгарон ва танбалону коргурезон, меҳру вафо, садоқат, мардонагӣ, далерӣ, ҳақталошиву ҳақпарастӣ, ростӣ ва амсоли инҳо ба таври воқеӣ ва хеле барҷаста, суфтаю рехта ифода гардидаанд. Аз ин рӯ, зарбулмасалҳо на танҳо диққати фолклоршиносу адабиётшиносон, инчунин диққати адибон, забоншиносон, файласуфон, мантиқшиносон, мардумшиносон (этнографҳо)-ро низ ба худ ҷалб кардаанд. Зарбулмасалҳои тоҷикиро то м. дар замони Искандари Мақдунӣ олимони Юнон, дар замони Сосониён (то асри 7) донишмандони ин давра ба шакли андарзномаҳо ва дар замони Сомониён (асри 10) донишмандону адибони Бухоро гирдоварӣ намуда, бахше аз онҳоро ба арабӣ тарҷума кардаанд. Аввалин маҷмӯаҳои мукаммали зарбулмасалҳои форсиро Муҳаммад Ҷабаларудӣ дар солҳои 30 асри 17 дар Ҳиндустон тартиб додааст. Дар асрҳои 18-19 дар Мовароуннаҳр, Эрон ва Ҳиндустон чандин маҷмӯаи зарбулмасалҳои форсӣ мураттаб шуданд.

Соли 1967 аз ҷониби донишманди тоҷик Б. Тилавов аввалин пажӯҳиши муфассал ва дақиқ роҷеъ ба зарбулмасалҳои тоҷикӣ зери унвони «Поэтикаи зарбулмасалҳои мардумии тоҷикӣ» ба забони русӣ («Поэтика таджикских народных пословиц и поговорок») ба чоп расид. Асари дигари ӯ таҳти унвони «Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ: репертуари шифоҳии муосир» (1989) ба таҳлили шуморавии ин навъи адабӣ (жанр) бахшида шудааст. Ҳамчунин бо сарпарастии Б. Тилавов ду ҷилди «Куллиёти фолклори тоҷик» (ҷилдҳои 4 ва 5, солҳои 1986-87) ба нашр расид. Бо ташаббуси Б. Тилавов ва ҳамкории Ф. Муродов ва Қ. Ҳисомов дар ҷилди чаҳоруми ин асар 807 зарбулмасали машҳури тоҷикӣ бо баррасии муфассал ба забонҳои русӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ низ пешкаш шудааст. Дар ҷилди панҷуми ин куллиёт миқдори пурраи зарбулмасалу мақолҳо, макони сабт ва номи сабткунанда зикр шудаааст. Пажӯҳишгарони тоҷик Қ. Ҳисомов ва Ф. Муродов роҷеъ ба жанри зарбулмасал зери назари Б. Тилавов рисолаҳои илмӣ таълиф карданд. Ҳоло дар фонди фолклори ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон тақр. 21 ҳазор матни зарбулмасалу мақолҳои гирдовардашуда нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз миёни тоҷикони Осиёи Марказӣ сабт шудаанд.

Remove ads

Адабиёт

  • Karimzoda H. M. Zarbulmasal va çistonhoi tojiki. L., 1931;
  • Mirzoev A. Zarbulmasalhoi tojiki (Dar kontekst). Stalinobоd, 1940;
  • Асрорӣ В. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Сталинобод, 1956;
  • Абдуллозода Р., Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои Садриддин Айнӣ. Сталинобод, 1958;
  • Писарчик А., Тоҷиддинов С., Ҳомидҷонова М. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Сталинобод, 1960;
  • Калонтаров Я. И. Таджикские пословицы и поговорки в аналогии с русскими. Д., 1965;
  • Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ (дар се ҷилд). Д. 1975-78;
  • Ҳисомов Қ. Взаимосвязь таджикских устных и письменных пословиц (Количественный анализ 100 типов). Д., 1978;
  • Муродов Ф. Вариативность таджикских народных пословиц и поговорок. (Опыт количественного анализа современного репертуара). Д., 1979;
  • Қодиров Р., Аҳмадов Р. Фолклори тоҷикони Қашқадарё (зарбулмасалҳо, чистонҳо, байтҳо, дубайтиҳо, рубоиёт, сурудҳо, боварҳо ва матнҳои ӯзбекӣ). Ҷ. 3. Д., 2000.

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads