Заргарӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Заргарӣ (форсӣ: زرگری), санъати заргарӣ — ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи ҷангӣ) аз филиззот (тило, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан), сангҳои қиматбаҳову арзон (лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, каҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ) ва моддаҳои органикӣ (устухони фил, садаф, марворид ва ғ.).

Таърих

Заргарӣ қадимтарин ва машҳуртарин навъи санъати ороиши амалист. Санъати заргарӣ дар ҳазораи 3 то м. дар Мисри Қадим, Байнаннаҳрайн ва Ҳиндустон дар зинаи баланди тараққиёт буд. Давраи рушди заргарӣ дар Хитой асрҳои 14-12 то м. ва дар Юнон асрҳои 5-4 то м. мебошад. Дар Мисри Қадим дар сохтани маснуоти заргарӣ бештар тило, лоҷувард, лаъли кабуд (аметист), биринҷӣ, яшм, обсидан (ҷинси шишамонанди вулканӣ), зумуррадро истифода мебурданд. Барои маснуоти заргарии Байнаннаҳрайн бештар истифодаи санги лоҷувард ва минокории сард хос буд. Дар Юнони Қадим маснуоти заргарии аз нуқра сохташуда маъруфияти бештар дошт. Маснуоти заргарии Эрони Сосонӣ (кӯзаҳо, табақҳои зарробӣ, зарфҳои зебо бо тасвири лаҳзаҳои шикор ва ҷанги ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд) намунаи баланди ин санъатанд. Ҳафриёти дар ҳудуди ҷумҳуриҳои ИҶШС анҷом додашуда собит сохтааст, ки дар онҳо заргарӣ аз даврони қадим вуҷуд доштааст. Асбобҳои тилоиву нуқрагин ва зару зевари аз Гурҷистон (аз ганҷинаҳои Ахалгория, Армазӣ, Триалети — ҳазораи 2 то м.) ва Арманистон (намунаҳои санъати заргарии давлати Урарту: асбобҳои гуногуни ороиш, зарфҳои нақшин — асрҳои 9-6 то м.) ёфтшуда ба ин мисол шуда метавонанд.

Дар фарҳанги исломии ибтидои асрҳои миёна муносибати эҳтиёткорона ба ашёи боҳашамат ба инкишофи заргарӣ монеъ шуд ва дар натиҷа заргарӣ дар Шарқи Наздик, Миёна ва Африқои Шимолӣ тадриҷан рушд кард. Санги дӯстдоштаи Шарқи исломӣ фирӯза буд. Маснуоти заргарии Ҳиндустони асримиёнагӣ бо ҳунари баланди суфтакории санги алмос фарқ мекард. Ҳиндустон воридкунандаи асосии сангҳои қиматбаҳо ба бозори аксари мамлакатҳо буд. Ба Аврупо алмос то охири асри 16 тавассути Венетсия, баъдтар ба воситаи Амстердам (ҳоло ҳам дар бозори алмосҳои заргарӣ дар ҷои аввал меистад) ворид мешуд. Барои заргарони Хитойи асримиёнагӣ бештар коркарди мавод хос буд. Онҳо, ғайр аз филиззоти қиматбаҳо, инчунин аз марҷон, яшми сабз ва каҳрабо истифода мекарданд. Миқдори зиёди маснуоти заргарӣ — зевароти тилоӣ бо нақшҳои гуногун аз фирӯза, кварс, ақиқи яманӣ ва дигар сангҳо ҳангоми омӯзиши бостоншиносии маданияти Амрикои Қадим ёфт шудаанд. Ҳиндуҳои қадим ғайр аз тилову нуқра тилои сафед (платина)-ро низ истифода мебурданд. Колумбия дар ин самт ғанитар буд ва дар ин ҷо конҳои бузурги санги зумуррад кашф шуда, яшм маводди хеле пурарзиш маҳсуб меёфт.

Византия

Санъати заргарии Византия бо таслиб, зарфу суробҳо ва дигар ашёи ибодатии заркӯбӣ, ки аксар хеле нозук минокорӣ мешуданд, шуҳрат дошт. Дар кори заргарони византиягӣ таносуби тило ё нуқраи тилоандуд бо сангҳои алмос, фирӯза, лаъл, зумуррад, марҷон васеъ истифода бурда мешуданд. Дар кори заргарони византиягии асрҳои 4-8 анъанаҳои санъати қадимӣ бо услуби нақшунигор ва серрангӣ, ки барои анъанаҳои рассомии Шарқ хос буд, ҷузван омезиш ёфтааст. Заргарони давраи Эҳё маснуоти ҷолиб: зарфҳои нуқрагинро бо тасвири саҳнаҳои серсуроби барҷаста, овезаҳои минокории нигинашон аз сангҳои қиматбаҳо месохтанд. Дар Олмон дар ин давра дар маснуоти заргарӣ ғайр аз сангҳои қиматбаҳо пӯстлохи чормағзи норҷил ва дигар набототи ғароиб, тухми шутурмурғ, садафи наутилусҳоро истифода мебурданд. Марворид ва марҷон бо садаф маҳбубияти бештар доштанд.

Аврупо

Аз охири асри 17 дар Аврупо санъати заргарии Фаронса пешсаф буд. Дар ин давра истеҳсоли соат ба роҳ монда шуда, анвои гуногуни ҷавоҳир ба вуҷуд омаданд, ки то ҳол умуман тағйир наёфтаанд. Анвои гуногуни «сарсӯзан» ва «туғ» (як навъ зинати кулоҳи занона) дар шакли дастагулҳо ва шалола бештар маъмул буданд. Дар асри 17 дар Русия мактабҳои сершумори санъати заргарӣ пайдо шуданд. Санъати заргарӣ дар асри 18 дар Руссия, ки маркази он Петербург буд, бо услуби бадеии аврупоӣ рушд кард, вале хусусияти миллии заргарии рус низ боқӣ монда буд. Дар асри 19 дар Маскав ва Петербург корхонаҳои бузурги коркарди тило ва нуқра пайдо шуданд. Маҳсулоти заргарии ширкати Фаберже дар ҷаҳон машҳур гардид. Дар замони шӯравӣ маҳсулоти заргарӣ асосан дар ф-каҳои заргарии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Свердловск (ҳоло Екатеринбург), Маскав, Таллин, Рига, Ереван, Тошканд ва дигар шаҳрҳо истеҳсол мешуданд.

Заргарии тоҷикон

Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимии ороишию амалии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳафриёти дар ҳудуди Осиёи Марказӣ анҷомдодашуда гувоҳи онанд, ки санъати заргарӣ дар ин ҷо аз давраҳои қадим вуҷуд доштааст. Маълумоти қадимтарин оид ба санъати заргарии халқҳои Осиёи Миёна ба Ҳеродот мансуб аст. Бисёр бозёфтҳои бостоншиносӣ таърихи тӯлонӣ ва расму оинҳои ғанӣ доштани санъати заргарии тоҷиконро тасдиқ мекунанд. Аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Инҳо ороишоте буданд, ки дар он замон ҳамчун ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бад (аз рӯи тасаввуроти одамони қадим) эмин медоштанд. Танҳо пас аз чанд аср онҳо моҳияти ороишӣ пайдо карданд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзи ҷирмҳои осмонӣ, сурати ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмуни асотириро фаро гирифта, нишондиҳандаи ҷасуриву нотарсӣ ва мақоми хосса доштани соҳиби ороишро дар қабилаву ҷомеа инъикос мекарданд. Яке аз аввалин усулҳои тайёр кардани маснуоти заргарӣ санъати рехтагарӣ буд, ки аз он дар Осиёи Миёна аз давраи асри биринҷӣ (ҳазораи 3-2 то м.) воқиф буданд. Бозёфтҳои бостоншиносон аз Саразм (Панҷакент) — маснуоти ороиши сар дар шакли рамзи Офтоб, ки аз тило сохта шудааст ва шаддаҳои зиёди сангии гуногуншакл аз ҳунари волои ниёгони мо гувоҳӣ медиҳанд.

Дар натиҷаи ҳафриёти деҳаи Ҳак (Фарғона) хазинаи маснуоти нуқрагӣ ва биринҷӣ ёфт шудааст, ки нӯги сарсӯзанҳои он ба шакли инсону вуҳуш зинат ёфтааст. Дар ҳудуди Қайроққум низ ёдгориҳои давраи биринҷӣ ва ибтидои асри оҳан бозёфт шудаанд, ки аз рушди амали рехтагарии бадеӣ шаҳодат медиҳанд. Аз қабристони сакоиҳо маснуоти ороишии биринҷӣ (гӯшвор, нишонҳо барои либос, шадда, дастпона ва ғ.) ёфт шудаанд. Аз қабристони бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон (Помири Ғарбӣ, водии Ҳисор, Исфара ва ғ.) масуноти гуногуни заргарӣ: дастпонаҳои бо тасвири сари мор, гӯшворҳои тило, шаддаҳои шишагӣ, оинаҳои биринҷӣ ва ғ. пайдо шудаанд, ки ба онҳо услуби тасвири вуҳуш хоссанд. Услуби қадимии осиёимиёнагии санъати заргарӣ ба тасвирҳои асотирӣ асос ёфта, зимни он шаклҳои ҳайвоноти тахайюлӣ ва тасвирҳои хаёлию воқеии ҷисмҳо таҷассум ёфтаанд (мас., маснуоти заргарии сакоиҳои Помири Ғарбӣ). Дар асоси Хазинаи Амударё (асрҳои 6-4 то м.) анъанаҳои санъати заргарии замони Ҳахоманишиён, санъати маҳаллии юнону бохтарӣ ва санъати ба ном «услуби вуҳуш»-и скифӣ, ки ба олами бодиянишинон (аз ҷумла бодиянишинони даштҳои Осиёи Миёна) хос аст, акс ёфтаанд. Ин хазина, ки соли 1877 дар наздикии Тахти Сангин дар резишгоҳи д. Кофарниҳон ба д. Аму (ҳоло ҳудуди н. Қубодиён) ёфт шудааст, аз маснуоти сершумори тилоӣ, нуқрагин ва тангаҳо иборат аст, ки ҳоло дар осорхонаи Британияи Кабир маҳфузанд. Маснуоти тилоӣ ва нуқрагин (зарфҳо, ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, медалонҳо, тавқу овезаҳо ва ғ.) гувоҳи санъати баланди заргарии ин давраҳо мебошанд. Ду нӯги дастпонаҳои рехтаи тилоии ин хазина ба шакли ҳайвонҳои тахайюлӣ (шери болдор, сари парандаи дарандасурат, шохҳои буз, гӯши асп) сохта шуда, дар бадан, болҳо ва шохҳо барои нигингузорӣ чашмҳои бисёр доранд. Инчунин тавқҳои тилоии сершуморе мавҷуданд, ки нӯги онҳо ба шакли сари ҳайвонҳои даранда, мор, оҳую ғазол ва парандагон сохта шудаанд. Дар байни осори Хазинаи Омударё, инчунин маснуоти заркӯбӣ (ғилофи ханҷар), ҳайкалчаҳои рехтаю ҳаккокишуда ва зарандуд (муҷассамаи нуқрагии ҷавони бараҳна, муҷассамаи марди шохаи нахл бар даст, нусхаи аробаҳои дучарха ва ғ.), лавҳаҳои тилоӣ мавҷуданд, ки аз рӯи шаклу услуб хосси санъати давраи Ҳахоманишиён буда, мисоли равшани инкишофи заргарӣ ва рехтагарии бадеии тоҷикон мебошад.

Баъди Осиёи Марказиро забт кардани Искандари Мақдунӣ фарҳанги Юнони Қадим ба санъати заргариии минтақа низ таъсир кард. Дар маснуоти заргарии ин давра сужетҳо аз мазҳакаҳои драматургҳои юнонӣ (ҷомҳо бо тасвири драмаҳои Эврипид ва ғ.), тасвири ҷонварони асотири юнонӣ истифода шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ш. Душанбе гӯшвори нафисе (асри 1 то м.) ёфт шудааст, ки аз омехтаи тилою нуқра (электрон) сохта шуда, намунае аз санъати заргарии давраи Юнону Бохтар мебошад. Ин гӯшвор бо муҷассамаи хурди сфинкси занона (ҷонвари тахайюлӣ дар шакли нимзан ва нимшер, ки дар санъати Юнони Қадим маъмул аст) оро дода шудааст, ки ин таъсири анъанаҳои фарҳангии санъати юнонӣ ба санъати Бохтар мебошад. Дар ин давра дар санъати заргарӣ тасвири воқеии қиёфаи одамизод густариш ёфт. Тасвири нимтанаи шоҳони ин давра дар тангаҳои нуқрагин ба мисли тангаҳои юнонӣ бо тарзи воқеӣ сикка зада мешуданд, ки симои ҳақиқӣ ва табъи онҳоро хеле барҷаста инъикос мекарданд. Тарзи нави суфта кардани паҳлуҳои санг ва истифодаи нақшҳои зару зевар бо усули заргарони юнонӣ дар ороишоти давраи Юнону Бохтар боз як далели таъсири санъати заргарии Юнони Қадим аст. Дар ин давра, инчунин санъати баланди ҳаккокӣ дар рӯи сангҳои қиматбаҳо (геммаҳо) такомул ёфта, дар давраи кушониён ба таври бесобиқа рушд карда буд. Дар давраи Кушониён санъати заргарии Юнону Бохтар ва сакоиҳо ҳамоҳанг ва ҷамъбандӣ гаштаанд. Беҳтарин намунаҳои санъати заргарии ин давра бозёфтҳо аз қабристони ашрофи кушонӣ аз Тилотеппа (Афғонистони Шимолӣ) ва Дилварзин (Ӯзбекистони Ҷанубӣ) мебошанд. Дар маснуоти заргарии ин давра баробари ҳайвоноти тахайюлӣ, тасвири ҷонварони воқеӣ ва одамизод мавқеи хосса дорад. Ороишоти аз зар сохташудаи Тилотеппа дар шакли дарахти зиндагӣ, шоҳ ва аждаҳо, моҳиҳои баҳрӣ ва дигар намуди ҷонварон тасвир ёфта, бо санги фирӯза оро дода шудаанд. Маснуоти заргарии Дилварзин — дастпонаҳо дар шакли мор, ороиши гардани аз симҳои зар бофташуда бо овезаи устувонашакли сангҳои қиматбаҳо, гарданбанд бо санги ақиқ ва тасвири нимтанаи марди ришдор ва ғ. хеле моҳирона сохта шудаанд. Бозёфтҳои осори заргарии ҳудуди Истаравшани қадим (наздики Бекобод) — гӯшвора, овеза, зевароти тилоӣ низ ҷолиби диққатанд. Аз ҳафриёти Афросиёб (Самарқанди қадим) яшми сурхи қолабзадае ёфт шудааст, ки дар он марди ришдори ба сар тоҷи дандонадор тасвир гардидааст. Дар ҷавоҳироти бо сангҳои қиматбаҳо орододашудаи давраҳои минбаъда хусусияти маданияти Юнону Бохтар нигоҳ дошта шудаанд.

Аз мусаввараҳои деворӣ ва тасвироти рӯи зарфҳои сафолии Афросиёб, Варахша (Бухорои қадим), Панҷакент ва Шаҳристон бармеояд, ки ниёгони тоҷикон маснуоти гуногуни заргариро ба сифати зеварот ва зинатворӣ истифода мебурдаанд. Баробари сарулибоси зебо дар ороишоти суғдиёни қадим гӯшвора, ангуштарин, силсила, чамбарак, дастпона ва ғ. маъмул буд. Дар маснуоти заргарии аввали асрҳои миёна бештар таъсири санъати заргарии Сосониён ба мушоҳида мерасад, зеро дар онҳо бештар манзараи шикор ва ҷонвароне тасвир ёфтаанд, ки дар дини зардуштӣ мавқеи хосса доранд. Зеварҳои Панҷакенти Қадим, монанди шаддаҳо (аз ақиқ, булӯри кӯҳӣ, марҷон), чала, ангуштарин, овеза, гӯшвора, дастпона хеле ҷолибанд. Овезаҳо ва ангуштаринҳо бо нигин ва даври онҳо бо услуби донашинонӣ, камарбандҳои мардони Суғд бо зеварҳо, нигинҳо аз сангҳои қиматбаҳову камарзиш оро дода мешуданд. Шуҳрати камарбандҳои тилоии суғдӣ дар маъхазҳои хаттии таърихӣ зикр шудаанд.

Дар санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Баъди интишори ислом, тарзи ороиши маснуоти заргарӣ куллан дигар шуда, ҷои акси ҷонварони зиндаро бештар нақшҳои гулу рустанӣ, хатти арабӣ ва шаклҳои ҳандасӣ гирифтанд. Дар ин давра нақши гулу рустанӣ бо номи «ислимӣ» шуҳрат ёфт. Аз асрҳои 9-10 анвои маснуоти заргарӣ хеле афзуда, қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти маиширо (зеварот, ороиши сарулибос, ашёи хона, манзилгоҳ) фаро гирифт. Дар ин давра истеҳсол ва коркарди филиззоту сангҳои қиматбаҳо инкишоф ёфта, аз лаъл, фирӯза, ақиқи яманӣ, булӯр сохтани зевароти зарандуду ҳаккокӣ маъмул гардид. Яке аз намунаҳои ороишоти заргарии ин давра ангуштаринҳои аз хазинаи Шаҳристон ёфтшуда мебошанд, ки бо нигинҳои калон ва нақшҳои ба ҳам печидаи гулу рустаниҳо оро дода шудаанд. Дар давраи Темуриён баробари рушди заргарӣ аз ҳадди эътидол ва меъёри эстетикӣ берун рафтани он низ (дару панҷараҳои нуқракӯб ва зарандуд, нахлҳои тилоӣ, ороиш ва ҳалдавонии ҷузъиёти дохили бино ва ғ.) мушоҳида шудааст. Сарфи назар аз ин, осори заргарии ин давра дорои услуби хос ва бадеияти баланд мебошад. Дар заргарӣ усулҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, зарробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ (тунуккунӣ), ҳалдавонӣ ва ғ. истифода мешуд. Ҳалқа, зеби гардан, «қоши тило» ё «қасаба», «каҷак», бозубанд, «ҳайкал», тӯмор ва ғ. Зевароти маъмули занҳои Осиёи Миёна буданд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, маъруф гашта буданд. Дар байни заргарон зангӯласозон мавқеи муайян доштанд. Зангӯлаҳои сохтаи онҳо — «якказанг», «торсак», «зонубанд», «алафӣ» (зангӯлачаҳои хурд) ба гардану пойҳои ҳайвонот ва парандаҳои хонагӣ овехта мешуданд. Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан ва Кӯлоб маркази асосии истеҳсоли маснуоти заргарӣ буданд. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон (Кӯлоб, Балҷувон) заргарони ҳинду мезистанд ва услуби кори онҳо ба ҳунармандони маҳаллӣ таъсир мерасонд. Дар Бухоро заргарони ҳинду, қафқозӣ, яҳудӣ зиндагӣ ва фаъолият доштанд, ки ҳар яки онҳо анъанаҳои санъати мардуми худро ба заргарӣ ворид сохта, онро мукаммал ва зебо гардондаанд. Мас., услуби ҳаккокӣ бо сиёҳдавонӣ дар рӯи маснуоти нуқрагӣ бо фаъолияти заргарони қафқозӣ пайдо шуда, дар Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Аз ин рӯ, маҳсулоти заргарии ш. Бухоро бо зебу таровати хосси худ аз маснуоти дигар шаҳру маҳалҳо фарқ мекунанд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дӯкону растаҳои худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои кори онҳо буданд. Дар гузашта баъзе гузару маҳалла ё деҳаҳо, ки маркази истеҳсоли ашёи заргарӣ буданд, «Заргар» ё «Заргарон» ном доштанд. Мас., дар Бухоро бо номи «Тоқи Заргарон» маҳалле буд, ки дар он ҷо ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарон ҷойгир шуда буданд. Аз асри 17 то ибтидои асри 20 (ҳарчанд коркарди тило, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо дар шаҳрҳои дигар низ рушд дошт) марказҳои асосии санъати заргарӣ Бухорову Самарқанд буданд. Танҳо дар Бухоро беш аз 400 заргар ба заргарӣ машғул буда, дуконҳои худро доштанд.

Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраву тилоро дар Бухоро «гаҳбандӣ» меномиданд. Филиззи интихобшударо бо болға дар болои сандон то ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як усто барои нақшу нигор ва ороиш дар филиззи ҳамворшуда қолибҳои гуногун дошт, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузошт. Омехтаи дигар филиззот бо тило натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тилову нуқра буд, ки онро «тилои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тилои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 ҳисса тилои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду филиззро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи нуқра бо мис низ истифода мешуд, ки тақр. дар охирҳои асри 19 дар натиҷаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.

Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи ҷангӣ) аз тило, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан, сангҳои қиматбаҳову ранга (лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, каҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва ғ.), маводди табиӣ (устухони фил, садаф, марворид ва ғ.) истифода мекарданд. Барои сохтани ангуштарин хӯлаи тилоро ба қолибҳои «тавонак», ба монанди кори рехтагарҳо гудохта, мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги қиматбаҳоро насб мекарданд. Заргарони тоҷик дар ороиши маснуоти заргарӣ аз муҳраҳо васеъ истифода мебурданд. Муҳраро дар Бухоро «гаварса» ё «зағирак» меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тилову нуқраи иёраш баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кирё (тахтачаи филиззӣ, ки дар он тилову нуқраро гудохта, ба шакли лӯла мерезанд) ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва баъд дар ороиши гӯшвору зеби гардан ба кор мебурданд. Барои истеҳсоли муҳраи навъи аъло ҳар як муҳраро дар алоҳидагӣ месохтанд. Дар пораи ангишти аз чӯби дарахт тайёршуда чуқурчае кофта, ба он сим мегузоштанд ва ангиштро ба рӯи лахчаи оташ ниҳода, бо даҳандам онро пуф карда, ҳаво медоданд, то ки оташи он аланга гирад. Вақте ки сим об мешуд, бо анбур ангиштро гирифта, ба оби хунук меандохтанд. Дар як лаҳза қатраи хӯла сард ва сахт шуда, ба муҳра табдил меёфт. Барои истеҳсоли миқдори зиёди муҳраҳо сими хӯларо дар зарфи ба оташ тобовар (маъмулан дар бӯта) об карда, сипас ба оби хунук қатра-қатра мечаконданд. Қатраҳо шаклҳои муҳраҳои гирдачаи нуқрагӣ ё тилоиро мегирифтанд. Баъзе заргарони Бухоро ба сохтани тангаҳо низ машғул мешуданд. Тангаҳоро дар устохонаи дарбор тайёр мекарданд, ки он «корхонаи танга» ном дошт. Барои тангасозӣ асбоби махсус, ба монанди лӯлаи филиззӣ, қолибҳои матндору нақшдор истифода мешуд. Ба лӯлачаи як тарафаш баста пораи филизро андохта, ба дарунаш тири оҳанинро гузошта, аз болояш бо болға мекӯфтанд.

Дар ҷануби Тоҷикистон заргарӣ, махсусан дар минтақаи Кӯлоб равнақ ёфта буд. Заргарони Кӯлоби бостонӣ аз нуқра ангуштарин, дастпона, «қуфли гиребон», гӯшворҳои «чапарак» ва «қафасӣ», ҳалқа, зира, «гашничак», «ҷӯякчаи кокул», «холи бинӣ», тӯмор ва дигар зевароти занона месохтанд. Дар Кӯлоб чун дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ заргарӣ касби авлодӣ буд. Ин анъана ҳоло ҳам идома дошта, аз насл ба насл мегузарад. Хосса, устоҳои деҳаҳои Тебалай ва Сариосиё заргарони касбии авлодӣ буданд. Усто Очил ва духтару наберагонаш Зумрадбибӣ, Маҳмуду Ҷӯрахон, усто Толиб ва писараш Эмомалӣ, усто Иззатулло Бобоҷон, усто Тағой бо писараш усто Шоҳназар, усто Исматулло бо завҷааш Марямбӣ ва фарзандонаш Ҳасану Ҳусайн ва Аминамоҳу Ҳусниямоҳ аз ҷумлаи заргарони моҳири Кӯлоб ба шумор мераванд. Соли 1973 чор адад «қуфли гиребон»-и сохтаи усто Исматулло дар Анҷумани умумиҷаҳонии бонувон (ш. Берлин) ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар гузашта дар ш. Ҳисор гузари заргарон вуҷуд дошт ва дар он оилаҳои зиёди заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Яке аз заргарони машҳури ин ҷо — сарвари заргарони ш. Ҳисор Маъбуди Ғолиби Ҳисорӣ буд. Заргарони Ҳисор шаддаи марҷонро бо панҷаҳои нуқрагини кандакоришуда, ки аз 6-12 дона иборатанд, ороиш медоданд. Дар байни муҳраи марҷон «киштӣ» ё тӯморро бо нақшу нигори қолибӣ ё кандакорӣ аз нуқра месохтанд. Инчунин байни ҳар қисми марҷонҳо тангаҳои нуқрагини сиккаи Бухоро истифода мешуданд, ки онро «ҳамели танга» меномиданд.

Remove ads

Заргарӣ дар Тоҷикистон

То охири асри 19 дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон анвои гуногуни гӯшвор (гӯшворҳои Муҳаммадӣ, «сеғӯзака», «зирак», «якадур», «қафасӣ», «қуббадор», «сепочика», «панҷпочика», «балдоқ» ва ғ.), ангуштарин, бозубанд, дастпона, сарсӯзан, пешовез ва дигар зевароти занона, ки бештар аз нуқра сохта мешуданд, истифода мегардиданд. Минбаъд дар байни мардум маснуоти заргарии фабрикавӣ маъмул гардид. Аксари косибон ва заргарони яккадаст дар корхонаву иттиҳодияҳои давлатӣ муттаҳид шуданд. Дар маснуоти корхонаҳои давлатӣ бештар тарроҳии (дизайни) аврупоӣ истифода мегардиданд. Маснуоти заргарони мардумӣ дар асоси анъанаҳои ниёгони мо истеҳсол мешуданд. Дар байни занони тоҷик дар баробари маснуоти фабрикавӣ ҳоло ҳам зевароти анъанавӣ маъмуланд. Беҳтарин намунаҳои осори санъати заргарии тоҷикон дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва берун аз марзи он нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳунари заргарӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора рушд кард. Ҳоло дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон заргарони авлодӣ анъанаҳои ҳунари заргарии ниёгонамонро эҳё намуда, навъҳои гуногуни маснуоти заргарӣ — дастпона, «қулфи гиребон», гӯшвор, «зеби гардан», «зира», «пешовез», «хафабанд» (гулӯбанд), «холчӯб», «чолбанд», «зира», «нуқрапӯпак» ва ғ. месозанд ва ба таъмири ашёи заргарӣ машғуланд. Иддае аз заргарони мардумӣ дар корхонаҳои хурди заргарӣ, ба монанди «Ақиқа», «Рухом», «Грант», «Зарафшон», «Алмос-Азия» ва ғ. муттаҳид шудаанд. Онҳо анъанаҳои заргарии ниёгонро мувофиқи талаботи замона такмил дода, маснуоти гуногуни заргарӣ, аз қабили ангуштарин, ҳалқа, дастпона, шаддаҳо ва ғ. сохта, барои муштариён ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар Тоҷикистон бузургтарин корхонаҳои маснуоти заргарӣ «Тоҷи зарин» ва «Тоҷиккристалл» мебошанд.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads