Зардолу

From Wikipedia, the free encyclopedia

Зардолу
Remove ads

Зардолу (лот. Prunus armeniaca) — гунае мева аз хонаводаи гулсурхиён.

Quick facts Зардолу, Табақабандии илмӣ ...
Remove ads

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Зардолупарварӣ бештар дар Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Хурд, Осиёи Марказӣ, Аврупои Ҷанубӣ ва Қафқоз ривоҷ ёфтааст. Дар Тоҷикистон танҳо зардолуи муқаррариро мепарваранд. Дарахти он калон буда, 8-15 м (навъҳои осиёимарказӣ то 20 м) қад мекашад. Баргаш байзашакли дандонадор, гулаш сафед ё гулобии дуҷинса (пеш аз барг баровардан мешукуфад). Мевааш донакдор (8-12 дарсади ҳаҷми меваро ташкил медиҳад), сафедтоб, норанҷӣ (паллаи офтобрасаш), сурхранг, заъфарон, байзашакли мудаввар ё дарозрӯя, сершира ва хушбӯй; аввалҳои июн мепазад. Решааш пурқувват, сурхи гулгун ё бунафш; ба хок амиқ меравад.

Remove ads

Таърих

Зардолу яке аз меваҳои дӯстдоштаи мардуми Шарқ аст. Ҳанӯз 4000 сол қабл дар Чин зардолу мепарвариданд. Ҳафриёти бостоншиносии водии Фарғона ва ҳаволии Бойсун далолат аз он мекунад, ки дар ин мавзеъҳо ҳазораи 6-5 то м. Зардолузорҳо вуҷуд доштанд. Ба ақидаи прунологҳо (мутахассисони меваҳои донакдор) дарахти зардолу бори аввал дар Чин ва Осиёи Марказӣ парвариш карда шудааст. Баъдан онро ба Осиёи Пеш (Эрон, Осиёи Хурд, Қафқоз) бурдаанд. Аввалҳои эраи нав зардолу аз Қафқоз (Арманистон) бо номи «себи арманӣ» ба Юнон, Рум ва қисмҳои дигари Аврупо, баъдан ба қитъаи Амрико роҳ ёфт. Бино бар ин, то солҳои наздик ватани зардолуро ба Арманистон нисбат медоданд. Имрӯз зардолу дар дунё бо номҳои «олуи зард», «жердели зард», «жерделия», «урюк», «кайса», «эйприкот», «абрикос», «марелица», «патуперка», «армулин» ва ғ. маъмул аст.

Remove ads

Парвариши зардолу

Дар дунё наздики 310 000 га зардолузор мавҷуд буда, ҳар сол қариб 1,5 млн т мева истеҳсол мекунанд. Миқдори бештари истеҳсоли зардолу ба ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС (13,4 %), Фаронса (12,3 %), ИМА (11,6 %), Испания (10 %), Италия (9,2 %) ва Туркия (8,2 %) рост меояд. Зардолупарварӣ дар Булғория, Покистон, Сурия ва Туркия рӯ ба афзоиш дорад. Солҳои қаблӣ дар ИҶШС зиёда аз 120 000 га зардолузор мавҷуд буд, ки қариб 40 000 га-и он ба Тоҷикистон рост меомад.

Дар Тоҷикистон

Thumb

Шароити иқлими Тоҷикистон барои рушди зардолупарварӣ хеле мувофиқ аст. Дар ҷумҳурӣ зардолуро аз баландии 330 (Айваҷи н. Шаҳритуз) то 3300 м аз с. б. (деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим) парвариш мекунанд. Боғҳои асосии саноатии зардолу дар навоҳии шимоли ҷумҳурӣ — Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт ва қисман дар Кӯҳистони Масчо ҷой гирифтаанд. Дар назар аст, ки зардолупарварӣ дар қисми ҷануби ҷумҳурӣ — водии Вахш низ ривоҷ дода шавад. Бо дар назар доштани шароити хоку иқлим ва талаботи бозори дохилию берунӣ дар ин водӣ тақр. 5600 га боғи зардолу бунёд мегардад. Солҳои наздик майдони умумии зардолузорҳо дар Тоҷикистон бояд ба 45-47 ҳазор га расонида шавад. Пажӯҳишҳои дар шимоли ҷумҳурӣ гузаронидаи олимони Ин-ти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ собит намуданд, ки дар ин минтақа зиёда аз 30 навъи зардолуро парвариш мекунанд: Хурмоӣ, Исфарак, Бобоӣ, Қандак, Мирсанҷарӣ, Субҳонӣ, Тоҷибойӣ, Муллогадоӣ, Учма, Моҳтобӣ, Ҷавпазак, Даравшак, Кализарифӣ, Бибинигорӣ, Ширпайванд ва ғ. Ба гурӯҳи зардолуҳои навъи зарафшонӣ бештар зардолуҳои рангашон сафед ва зарди сафедтоб мансубанд: Лучак, Хушранг (ғӯлингӣ), Гурдаи гов, Шамшерак, Сафедак, Шоҳӣ, Тулакӣ, Ҳоҷибойӣ, Ворухӣ, Урметанӣ ва ғ. Дар Тоҷикистони Марказӣ (водии Ҳисор, минтақаи Рашт, доманакӯҳи водии Кӯлоб) бештар зардолуҳои хасаки маҳаллӣ ва ба шароити маҳал мутобиқшударо мепарваранд: Фалғарӣ, Қӯқандӣ, Лафка, Сурхак, Моҳтобӣ, Сафедак ва ғ. Дар натиҷаи аз донак зиёд кардан, баъзе навъҳои нави зардолу ба вуҷуд оварда шудаанд, ки бо андоза, сифат ва ранги мева, инчунин муҳлати гулшукуфт ва пухтани мева аз якдигар фарқ мекунанд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ навъҳои Қандак, Тошқӯрғонӣ, Бодомӣ, Ғӯлингӣ, Шалоҳ ва Носирӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ВМКБ бештар навъҳои Раҳматуллоӣ, Лабкаҷак, Махмурӣ, Қундузӣ, Дарагӣ, Равшаналӣ, Мошпак, Худрӯяк, Сафедак, Сабзанӯлак, Хиромон, Қӯқандӣ, Ғӯраи Балх ва ғ. парвариш меёбанд.

Бисёр навъҳои зардолуи Тоҷикистон бо хусусиятҳои биологию морфологӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мас., зардолуи гурӯҳи «Исфарак» навъҳои Сафедисфарак, Сурхисфарак, Калонисфарак, Бодомисфарак ва Майдаисфаракро дар бар мегирад. Ба гурӯҳи зардолуҳои «Хурмоӣ» — Кадухурмоӣ, Хурмоии қандак, Хурмоии № 2, ба гурӯҳи «Мирсанҷарӣ» — Кадумирсанҷарӣ, ба гурӯҳи «Бобоӣ» — Бобоии сафед, Бобоии Сурх, ба гурӯҳи «Лучак» — Лучаки пайвандӣ, Лучаки сафед, Лучаки зард ва ғ. мансубанд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 навъ ва шаклҳои зардолу ба қайд гирифта шудааст.

Дарахти зардолу тезбару серҳосил аст. Дар шароити иқлими Тоҷикистон ниҳоли зардолу соли 3-4-уми шинондан самар медиҳад. Дар хоҷагиҳои махсусгардонида аз ҳар га зардолузор 180—200 сентнер ҳосил мегиранд. Дар деҳаи Ворухи н. Исфара аз дарахти 100-солаи зардолуи навъи Хурмоӣ (қадаш 23 м, қутри шохсораш 18 м) 500—700 кг ҳосил гирифтаанд. Соли 1968 дар хоҷагии «Маскав»-и н. Конибодом аз дарахти 75-80-солаи Учмаи сурх 1100 кг ҳосил гирифта буданд. Барои парвариши зардолу заминҳои нишебрӯя ва ҷойҳои шамолпаноҳро интихоб карда, ба ҳар га 125—156 бех ниҳоли пайвандӣ (вобаста ба намии хок аз рӯи тартиби 8х8 ва 8х10) мешинонанд. Ниҳоли хасаки зардолу хусусиятҳои навъии худро гум мекунад. Барои пайванд ниҳоли хасаки зардолу ва олучаро истифода мебаранд. Хоки атрофи ниҳолҳоро соли 1-2-юми шинондан нарм карда, ба ҳар га 30-50 кг нитроген, 60-80 кг калий мерезанд ва 6-8 бор об медиҳанд. Зардолу дарахти гармипарвард аст; муғчаи он аз сармои феврал (-18-200С) ва гулаш аз хунукиҳои март (-5-80С) осеб меёбад. Зардолу ба беобӣ тоб меорад. Бинобар ин онро дар минтақаҳои камбориш ҳам парвариш кардан мумкин аст.

Зардолу маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд, аз он мураббо, компот ва шарбат мепазанд. Мағзи ширини зардолу дар саноати қаннодӣ, равғани он дар истеҳсоли локу ранг истифода мешавад. Дар таркиби зардолуи тар 7,86-32,8 % моддаҳои хушк, 51,6-92,6 % карбоҳидратҳо, 1,12-1,35 % моддаҳои нитрогендор, 0,38-6,6 % асид (ҷавҳари лиму, ҷавҳари себ), 4,0-7,1 % пектин, 0,62-0,72 % ишқор (намакҳои калий, магний ва ангидриди фосфор), 3,1-17,5 мг% витамини С, 5,15 мг% каротин (провитамини А) ва 0,005 мг% витамини В мавҷуд аст. Мағзи донаи он то 60 % равған, 27 % сафеда ва 27 % асиди линолеат (провитамини Ғ) дорад. Қимати ғизоии сафедаи зардолу аз рӯи меъёрҳои Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ («FAO») ба 79 % баробар аст.

Remove ads

Корбурди пизишкӣ

Аз бисёр навъҳои зардолу ғӯлинг истеҳсол мекунанд, ки ғизои пурбаҳост. Дар тибби қадим онро барои рафъи бӯи нохуши даҳон истифода мебурданд. Табиати ғӯлинг сард ва тар аст, бинобар ин онро ба сифати давои исҳоловар истифода мебаранд. Ғӯраи зардолу хосияти бодронӣ дошта, барои одамони солхӯрда муфид аст. Дар «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн омадааст: «Ошомидани оби пухта ва хесонидан (тар кардан)-и хушки он [зардолу] мусҳили сафро ва мулайини табъ ва оромкунандаи ташнагӣ ва ғалаёни хун, сафро ва илтиҳоби меъда ва рафъкунандаи оруғ, хусусан майхуши (нордон)-и он [мебошад]. Чун соҳиби таби ҳорри сафровӣ тозаи онро бихӯрад ва оби гарм ва асал аз болои он биёшомад ва қай кунад, таби ӯ рафъ гардад… Хӯрдани об аз болои он, хусусан оби сард ва ях ва барф зарарнок аст ё хӯрдан онро аз болои таоми душворҳазм ва ё ҳазмнашуда, хусусан таоми ғализи дерҳазм бағоят музир аст». Дар тибби халқӣ барг, мева, мағз ва шилми зардолуро истифода мебаранд. Меваи тару тозаи зардолу ва ғӯлинг барои одамони гирифтори иллати гурда, бахусус ашхоси заифу камхун нафъ дорад. Ҳангоми қабзияти музмин табибони халқӣ зардолуоб ё ғӯлингоб мефармоянд. Мағзи донаки зардолу чун воситаи киҷҷарон истифода мешавад. Бо барги зардолу дандонҳоро тоза мекунанд. Шилми зардолу ба илтиҳоб ва захми меъда, ҷароҳат, ҷойҳои кафидаи пӯст, сӯхтагӣ шифо мебахшад. Чиниён мағзи донаки зардолуро барои табобати бронхит, сурфакабудак, ларингит, ҳиккак ва чун воситаи балғамовар (бештар 20-30 г эмулсияи обакии онро) ба кор мебаранд. Табибони мардумии покистонӣ меваи зардолуро барои табобати камхунӣ, мағзи донакашро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои куҳнаи дил истифода мекунанд. Ба ақидаи табибони қадим беҳтарин зардолу пӯсташ нафис, шодоб, ширин ва мулоими он аст, ки мағзи донакаш низ ширин бошад. Зардолуро дар об ҷӯшонда ё хушкашро як шаборӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, дарунро мулоим, фишор ва ҷӯшиши баланди хуну сафроро паст карда, оруғро рафъ месозад. Зардолу дар меъда зуд вайрон ва бадбӯ мешавад, оруғи турш пайдо мекунад; ба одамони хунукмизоҷ, касоне, ки баданашон бод дошта бошад, гирифторони иллати сакта, меъдаашон заиф ва пирон зарар дорад. Аз болои зардолу нӯшидани оби хунук ё онро аз болои ғизои душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан низ бад аст. Агар онро бардавом бихӯранд, рӯдаҳоро мехарошад. Равғани мағзи талхи зардолуро ба қадри 4,5 г биошоманд, кирми меъдаро кушта, ба воситаи исҳол дафъ мекунад, варамҳои мақъадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад; онро бимоланд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро шифо мебахшад. Миқдори як бор ошомидан аз равғани мағзи талхи зардолу дар як рӯз то 14 г аст. Агар барги зардолуро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, кирми меъдаро мерезонад, пешобро равон мекунад. Барги хушки онро кӯфта, бо оби хунук биошоманд, исҳолро мебандад. Оби барги зардолуи талхро бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

Дар тибби муосир зардолу ба сифати ғизои парҳезӣ ва сервитамин тавсия дода мешавад. Дар таркиби он миқдори калий зиёд аст, бинобар ин барои одамони гирифтори бемориҳои дилу раг нафъ дорад. Зардолуро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Аз он аштак, нонаштак, аштаки хубонӣ (ба зардолу мағзи бодом ё чормағз ҷой карда мехушконанд), аштаки зарафшонӣ (6-8 адад меваи зардолуро болои ҳам гузошта каме мефишоранд ва дар рӯи тахтасанг хушк мекунанд), баргак, чалпак (афшураи зардолуро мисли нони чаппотӣ тунук карда мехушконанд), донакшӯрак ва ғ. тайёр мекунанд. Мағзи зардолуи талхак дар саноати дорусозӣ истифода мешавад. Доғистониҳо аз донаи талхи зардолу «урбеч» ном ғизои миллӣ тайёр мекунанд. Онҳо донаро то нест шудани талхи (амигдалин)-аш дар об ҷӯшонда, сипас мехушконанд. Баъд онро бирён карда мекӯбанд ва истеъмол мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон низ аз меваи хушки зардолу бо номи «допак» (водии Зарафшон), «хухпа» ва «ношхухпа» (ВМБК) ғизои парҳезӣ мепазанд. Ғӯлинги туршмаззаи зардолуро ба угро, оши бурида ва дигар таомҳои рақиқ меандозанд. Зардолу аз касалиҳои доғзании мева, барг ва муғча, тосаки хокистарранг, саратон, вертитсиллёз, питоспороз осеб меёбад. Ба зардолу бештар заргинаки зарди олу, мӯр, ширинча, зиреҳак, гамбусаки нӯлдарози зардолу, пармачии зардолу ва ғ. Зарар мерасонанд.

Remove ads

Далелҳои ҷолиб

Дар маркази шаҳри Исфара, ба шарафи ин мева, ки ин ҷо бештар парвариш карда мешавад, муҷассамаи зардолу сохта шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads