Зардушт
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Зардушт (Зартушт, форсӣ: زرتشت; Заратуштра, авестоӣ: 𐬰𐬀𐬭𐬀𐬚𐬎𐬱𐬙𐬭𐬀 / Zaraθuštra) — раҳбар ва ислоҳгари динӣ, файласуф ва шоири эронӣ, бунёнгузори ойини Маздаясно. Ӯ ба пайравонаш омӯхт, ки ҳастии майдони набард нерӯҳои хайру шарр аст ва инсон озод аст ҷойгоҳи худ дар ин муборизаро интихоб кунад. Омӯзаҳои ӯ, ҳастаи аслии Маздаясноро ташкил медиҳад.
Remove ads
Ном
Маънии номи Зардушт «дорандаи шутури зард, заррин» мебошад. Таъбирҳои дигари маънии ин ном аз қабили «соҳиби уштури пир» (И. М. Стеблин-Каменский), «соҳиби рӯшноии зарринранг» ва ғ. низ вуҷуд доранд. Дар манбаъҳои юнонӣ Зардушт Зороастр ном гирифта шудааст ва муҳаққиқон решаи онро аз «астра» — ситора донистаанд. Мувофиқи чунин тафсири номи Зардушт баъзе муҳаққиқон аз ӯ чун мунаҷҷим ёд кардаанд. Муҳаққиқони аврупоӣ ва донишмандони рус — авестошиносон ҳамон номи дар Авесто омадаи Зардуштро истифода бурдаанд. Дар адабиёти бадеии русӣ (охири асри 19 — ибтидои асри 20) ба ҷойи Заратуштраи авестоӣ калимаи Заратустра маъмул гардидааст. Ин калима баъди пайдо шудани асари файласуфи олмонӣ Фридрих Нисше (1844—1900) «…чунин гуфтааст Заратустра» паҳн шудааст. Асари Нисше ба забони русӣ тарҷума шуда, хонандагон дар асри 19 ба он таваҷҷуҳи зиёд доштаанд. Номи Зардушт ба шакли Заратустра дар осори В. Державин, К. Балмонт, Велемир Хлебников, В. Иванов, И. Илф, Е. Петров ва дигарон ба назар мерасад. Ба масъалаи мазкур донишманди маъруф, акад. АИ Федератсияи Руссия И. М. Стеблин-Каменский дар муқаддимаи тарҷумаи «Готҳо»-и Зардушт ба забони русӣ, ки соли 2009 ба табъ расондааст, таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, ба хулоса омадааст, ки дар асари Нисше аз Зардушт танҳо ном аст, аз таълимоти ӯ нишоне нест. Асари Нисше ҳазёни шахси девонаавзо ва рӯҳан бемор (Нисше дар ҳақиқат дар охири умр ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд) мебошад. Номи қабила, авлоди Зардушт Спитама буд. Аз ин ҷост, ки дар Авесто дар матнҳои паҳлавӣ номи Зардушт ба шакли Зардушти Спитамон зикр шудааст. Номи бобои Зардушт Ҳаечатаспа, номи падараш мувофиқи маълумоти Авесто (боби 3 «Ясно») Пурушаспа аст. Зардушт мувофиқи ривоятҳои дини зардуштӣ чаҳорумин шахсест, ки рустании Ҳаомаро фишурда, аз он нӯшокии муқаддас ҳосил кардааст. Оид ба шахсияти таърихӣ будани Зардушт байни муҳаққиқон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аксарияти муҳаққиқон бар онанд, ки Зардушт шахси таърихӣ будааст. Номи хешу табор, дӯстону ҳаммаслакон ва душманони Зардушт низ маълум аст. Модари ӯ Дуғд ва (Дайдай) ном доштааст. Зардушт хоҳар (дар баъзе қисмҳои Авесто духтар)-и Фрашаоштра ном шахс (вазири шоҳ Гуштосп) Ҳвовиро ба занӣ гирифта буд. Се писар (Исатвастра, Урвататнара, Ҳваречитра) ва се духтар (Френи, Трити, Поуручиста) дошт. Мадйумонҳа — писари амаки Зардушт аз нахустин пайравони таълимоти ӯ буд. Қабилаи Фриёни туронӣ низ ба Зардушт ва таълимоти ӯ таваҷҷуҳ доштанд. Арҷоспи туронӣ аз сабаби он ки шоҳи Эрон — Гуштосп дину таълимоти Зардуштро пазируфт, норизоӣ кард ва ба муқобили ӯ ба ҷанг бархост. Бисёре аз хешону пайвандони Гуштосп дар ин ҷанг кушта шуданд, вале писари Гуштосп — Исфандиёр бар лашкари Арҷосп пирӯз шуд. Дар таълимоти зардуштия Исфандиёр яке аз шахсиятҳои муътабар — паҳнкунандаи дину таълимоти Зардушт дониста шудааст.
Remove ads
Зиндагинома
Мутобиқи сарчашмаҳо Зардушт дар синни 77-солагӣ аз дасти яке аз лашкариёни Арҷоспи туронӣ — Братарвахш кушта шуд. Оид ба замони зиндагии Зардушт низ ақидаҳои гуногун изҳор шудаанд. Баъзе аз муҳаққиқони тарафдори анъанаи дини зардуштӣ замони рӯзгори Зардуштро асрҳои 7-6 то м. медонанд. Пайравони зардуштия дар матнҳои паҳлавӣ замони валодати Зардуштро 258 (баъзан 300) сол пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Эронзамин гуфтаанд. Мувофиқи ин ақида дар осори паҳлавӣ — «Бундаҳиш», «Динкард», «Ардавирафнома», «Читагиҳои Зотспарам», «Номаи Тансар» ва манбаъҳои дигар чунин санаҳои таваллуду вафоти Зардуштро дарёфтан мумкин аст: 630—553 то м., 628—551 то м., 618—554 то м., 660—583 то м. Дар осори таърихӣ ва адабии асримиёнагии асрҳои 9-11 низ ҳамин анъанаи зардуштия инъикос ёфтааст. Мас., Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Масъудӣ дар «Муруҷу-з-заҳаб» таваллуди Зардуштро соли 660 то м. гуфтаанд.
Дар асоси татбиқи усули муқоисавӣ-таърихӣ, таҳлили забони «Готҳо» — сурудҳои муқаддасе, ки ба Зардушт мутааллиқанд, забоншиносон ба хулосае омаданд, ки замони зиндагии Зардушт асрҳои 15-9 то м. наздиктар ба осори адабӣ ва динии ҳиндуориёниён — «Ригведа» дониста шавад. Ин ақида дар илми муосир пайравони бештаре пайдо карда, ҳақиқати илмиаш бештар мебошад.
Зодгоҳ ва корномаи Зардушт қисми шарқии Эрони таърихӣ — Осиёи Миёна, Афғонистон (Балх) мебошад, вале дар суннати зардуштия ӯро аз ғарби Эрон медонанд ва гӯё ба Шарқ ҳиҷрат кардааст. Ақидаи қобили қабул ва дуруст он аст, ки таълимоти Зардушт ва дини ӯ баъд аз фавташ дар давлати Мод ва Форс интишор ёфт. Дар замони ҳукмронии подшоҳони ҳахоманишӣ — Дорои 1 (ҳукмронӣ 522—486 то м.) дини зардуштӣ дини давлатии Ҳахоманишиён гардид.
Мувофиқи маълумоти «Готҳо» ва дигар қисмҳои Авесто таълимоти Зардуштро ҳамқабилаҳояш напазируфтаанд (мас. боби 46 «Ясно»-и Авесто) ва ӯ маҷбур шуд, ки барои худ ҳомие ҷустуҷӯ бикунад. Чунин ҳимоятгар яке аз ҳукмронони давр Гуштосп (Виштосп) гардид. Баъзе муҳаққиқон Гуштоспи ҳомии Зардуштро падари Доро шуморидаанд, вале аз Катибаҳои Ҳахоманишиён бармеояд, ки Гуштосп падари Доро нест. Дар Катибаҳои Ҳахоманишиён аз Зардушт ёд нашудааст ва номаш дар ин осори хаттӣ наёмадааст. Гуштоспи ҳомии Зардушт дар шарқи Эрон ҳукмронӣ мекард ва аз силсилаи Каёниён буд. Дар осори таърихии арабӣ ва форсии дарӣ, инчунин «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар бораи тарзи зиндагӣ, аъмоли Гуштосп ва зуҳури Зардушт дар замони ӯ маълумот дода шудааст. (Дар «Шоҳнома» достони Гуштосп ва зуҳури Зардушт тақр. ҳазор байт аз Дақиқист. Фирдавсӣ онҳоро ба «Шоҳнома» интиқол дода, достони нотамоми Дақиқиро ба анҷом расондааст). Зардушти паёмбар, сарояндаи «Готҳо», нахустин шоирест, ки таърихи сеҳазорсолаи адабиёти тоҷик бо номи вай оғоз мешавад.
Remove ads
Таълимот
Зардушт ба пайравони худ бо суханони мавзуну манзум муроҷиат кардааст, то ки таъсири таълимоташ беҳтар бошад ва дар қалби онҳо ҷой гирад. Таълимоти динии Зардушт яккахудоӣ (монотеистӣ), яъне ситоиши Аҳура Маздо буд. Дар баробари ин, дар таълимоти ӯ дугонагӣ (дуализм) — вуҷуд доштани қувваҳои неку бад ва дар муборизаи доимӣ будани онҳо ба назар мерасад (нигар Зардуштия). Таълимоти Зардушт аз ҳаёти воқеӣ ва иҷтимоии давраш канда набуд. Дар замони ӯ қабилаҳои кӯчӣ ба кишоварзону чорводорони муқимӣ ҳуҷум карда, киштзорҳоро хароб ва молу дороии онҳоро ғасб менамуданд. Зардушт ба ҳимояти онҳо бархост ва аҳаммияти муқимнишинӣ, парвариши чорво ва кишту корро тарғибу ташвиқ кард. Зардушт бар зидди ҳукмронони бадкирдор бархоста, ғояи шоҳи одилу навхонадоронро тарғиб кардааст. Дар боби 53 «Ясно»-и Авесто дар бораи ҷашни арӯсии духтари Зардушт — Поуручиста ва Ҷомосп сухан меравад. Дар ин ҷашн Зардушт наварӯсонро ба некӣ кардан ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Таълимоти ахлоқии Зардушт низ дар замонаш аҳаммияти бузург дошт ва арзиши баъзе нуктаҳои он имрӯз ҳам накостааст. Таълимоти Зардушт бар се нуктаи муҳим — Ҳумата — Пиндори хуб (нек), Ҳухта — Гуфтори хуб (нек), Ҳваршта — Кирдори (хуб) нек асос ёфта буд. Рашк, бухл, ҳасад, хашм ва дигар хислатҳои зишти инсонӣ гумроҳкунандагони мардум тасаввур мешуданд. Гуноҳи бадтарин барои мардум дурӯғгӯӣ буд. Деви Дурӯғ (Друҷ) гумроҳкунандаи асосии мардум ба шумор мерафт ва Зардушт ба муқобили дурӯғ мубориза мебурду пайравонашро низ ба ин кор даъват мекард.
Ба эътибори ин гуна ақоиди пурарзиш ва аҳаммияти бузурги башарӣ доштанаш таълимоти Зардушт дар байни мардум интишор ёфт ва пас аз маргаш ӯ шахси муқаддас ва муъҷизаофарин дониста шуд. Таълимоти Зардушт дар кишварҳои дигар низ паҳн гардид. Аз таълимоти Зардушт файласуфони Юнони Қадим баҳра гирифтанд. Дар мамлакатҳои Аврупо Зардушт аз қадимулайём маълум аст ва ҳоло ҳам таълимоти ӯ дар ин ҷоҳо эътиборашро гум накардааст. Таълимоти Зардушт дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар Ҳиндустон (дар ин ҷо зиёда аз 100 ҳазор пайрави зардуштия зиндагӣ мекунанд) машҳур аст.
Баробари осори таърихиву динӣ зиндагӣ ва омоли Зардушт, таълимоти ӯ дар шеъру адаби форс-тоҷик аз қадимулайём мавқеи муҳим дорад. Дар асоси матнҳои паҳлавӣ ва ривояту афсонаҳо Пажду маснавие бо номи «Зардуштнома» навиштааст. Дар осори аксар шуарои форс-тоҷик байту бандҳоеро дарёфтан мумкин аст, ки ишора ва ёдовариеро аз Зардушт дар бар мегиранд.
Масалан:
Яке зардуштворам орзуест,
Ки пешат Зандро бархонам аз бар.Дақиқӣ
Аз итоат бо падар Зардушти пир
Худ ба наски «Офарингон» гуфтааст.Лабибӣ
Дил пур зи фузулу Занд бар лаб
Зардушт чунин навишта бар Занд.Носири Хусрав
Ба боғ тоза кун оини дини зардуштӣ,
Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.Ҳофиз
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads