Зарф
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Зарф — маҷмӯи ашёи рӯзгор, ки барои пухтан, хӯрдан ва нигоҳ доштани хӯрока истифода мешаванд.

Тавсиф
Инсоният аз қадим намудҳои гуногуни зарфро истифода мекунад. Ибтидо Зарфҳо аз гил, ки ҳам дастрас ва ҳам ба гармиву намӣ тобовар аст, сохта мешуданд. Бостоншиносон теъдоди зиёди зарфҳои сафолиро кашф кардаанд, ки аз қадимӣ ва ҷаҳонӣ будани ҳунари кулолӣ шаҳодат медиҳанд. Қадимтарин зарфи сафолӣ дар минтақаи Байнаннаҳрайн ва Эрони таърихӣ ёфт шудааст, ки ба ҳазораи 4 то м. тааллуқ дорад. Истифодаи зарфҳои сафолӣ дар Осиёи Миёна, Ҳинду Чин, Амрикои Ҷанубӣ ва дигар манотиқ низ роиҷ буд. Баъдан, аз асрҳои 6–4 то м., Зарфҳои чӯянӣ ва сипас мисӣ пайдо шуданд. Зарфҳои пӯлодии зангногир ва филиззие, ки ҳангоми дар он пухтани таом тагаш намегирад, дар асри 20 ба вуҷуд омаданд.
Вобаста ба таъйинот Зарфҳоро ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд:
- Зарфҳо барои дасторхон. Ба ин гурӯҳи зарфҳо ашёи рӯзмарраи таомхӯрӣ ва ороишӣ дохил мешаванд. Зарфҳои шишагин (булӯрӣ) – гулдон, ҷому истаконҳо; сафолин ё чинӣ [навъе аз Зарфҳои шикастпазири ҷилодор, ки дар кӯра мепазанд ва бинобар дар Чин (Хитой) ихтироъ шуданаш чунин ном гирифтааст] – чойнику пиёла, тақсимча, косаву табақ ва ғ.; филиззӣ – қошуқ, чумча, корд;
- Зарфҳо барои пухтани хӯрок (дег, тоба, кафгир);
- Зарфҳо барои захира ё нигоҳдории маводди озуқа. Ба ин гурӯҳи зарфҳо ашёи нигоҳдории хӯрокворӣ (намакдон, нондон, бонка, кӯза, хум, корсон, сатил, равғангирак ва ғ.) мансубанд. Аз қадим мардуми тоҷик маводди асосии рӯзгор (гандум, равған, биринҷ ва ғ.)-ро дар кӯзаву хумҳо нигоҳ медоштанд. Далели ин бозёфтҳои зиёди бостоншиносӣ, аз ҷумла кӯзаву хумҳои сафолӣ аз деҳаи Хушманзар (собиқ Кангуртут)-и н. Данғара мебошанд, ки ба асрҳои 14–13 пеш аз милод тааллуқ доранд. Ҳоло хӯроквориро асосан дар зарфҳои филиззии сирдор, шишагӣ ё пластикӣ нигоҳ медоранд. Зарфҳо сафолӣ (чинӣ), шишагӣ, филиззӣ, чӯбӣ, пластикӣ мешаванд. Шакл, андоза ва умқи зарфҳо вобаста ба таъйиноташон аз ҳам фарқ мекунанд. Ҷинси зарф, асосан ба навъи маҳсулоте, ки дар он нигоҳ дошта мешавад, вобаста аст. Аз гил (сафол) аксаран табақ, коса, лаълӣ, чойнику пиёлаи сафол (чин)-ӣ ва ғ. месозанд. Зарфҳои сафолиро (филиззиро низ) ҳанӯз аз қадим бо ранг ва нақшҳои печидаву қолабӣ, ҳандасавию ислимӣ ва ғ. оро медоданд. Зарфҳои сафолиро барои пухтан ва гарм кардани таом низ истифода мекунанд. Зарфҳои филиззӣ аз алюминий, пӯлод, латун, чӯян ва ғ. сохта мешаванд. Зарфҳои шишагиро асосан дар озмоишгоҳҳо истифода мебаранд. Зарфҳое, ки барои пухтани таом таъйин шудаанд, маъмулан аз филиззанд (нигар Дег ва Дегрезӣ). Барои захира ва нигоҳдории маводди ғизоӣ (афшура, мураббо, консерваҳои мевагию сабзавотӣ, гӯштию ширӣ, моҳигӣ ва маҳсулоти донагӣ) зарфҳои шишагӣ, пластикӣ, филиззии сирдор, баъзан картон (коғаз)-иро низ истифода мебаранд.
Дар гузашта ҳунармандон барои сохтани зарфҳои рӯзгор тилою нуқра ва биринҷиро ҳам ба кор мебурданд. Дар давраҳои гуногун сарватмандон бештар аз зарфҳои тилоиву нуқрагӣ истифода мекарданд, ки ҳоло намунаҳояшон дар осорхонаҳои бисёр кишварҳо маҳфузанд. Сир додани зарф низ аз қадим мавриди таваҷҷуҳи ҳунармандон қарор гирифтааст. Дар асрҳои 19–20 истифодаи зарфҳои филиззӣ: тунукагӣ, пӯлодии зангногир, шишагӣ, пластикӣ, дорои рӯйкаши ороишӣ ва ғ. бештар маъмул гардид. Истеҳсол ва истифодаи анвои мухталифи зарф (обгирак, лаълӣ, чойник, пиёла, коса, табақ, кӯза, хум, дег, офтоба, якдаста, чархдег, чилобчин, чойҷӯш, намакдон, кулкула ва ғ.) миёни мардуми тоҷик низ собиқаи тӯлонии таърихӣ дорад. Дар рӯзгори мардуми тоҷик дар гузашта дар баробари зарфҳои сафолӣ зарфҳои чӯбӣ (табақ, қошуқ, кафлес, чумча) ҷойгоҳи махсус доштанд ва ҳоло низ истифода бурда мешаванд (нигар Табақтарошӣ). Ҳоло дар ҷаҳон зарфҳои тилоиву нуқрагӣ ва булӯрӣ гаронарзиш буда, бештар Зарфҳои чинӣ истифода мешаванд. Зарфҳои пластикию коғазиро ҳам ба кор мебаранд.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads
