Ибодулло Файзуллооев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ибодулло Файзулло (Ибодулло Файзуллоев; 12 апрели 1935, деҳаи Чоркӯҳ, ноҳияи Исфара — 16 октябри 2003, Душанбе) — нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ, Коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони (1974) ва журналистони Тоҷикистон.
Remove ads
Зиндагинома
Ибодулло Файзуллоев 12 апрели 1935, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Аз оилаи хизматчӣ. УДТ (1959), Мактаби олии партиявии дар назди КМ КПСС(1977). Корманди рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1959—1963), муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1963—1965), котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1965—1969), ҷонишини мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоx. (1969—1975), муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1977—1979), мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон (1979—1981), соли 1981 котиби ИН Тоҷикистон То охири умр муҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» буд.
Remove ads
Эҷодиёт
Асарҳояш аз соли 1957 чоп мешаванд. Китобҳояш «Ба сӯйи нур» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дӯстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973,) «Остони баланд» (1974), «Қиссаи бешаи сабз» (1977), «Борони баҳор» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Кӯҳи панҷум» (1996) ба табъ расиданд, ки очерку ҳикоя ва повестҳои беҳтарини адибро дар бар мегиранд. Асарҳояш ба русӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Осори С. Аҳмад, Г. Бакланов, Л. Ленч, С. Зунунова, И. Ракша, дромҳои А. Хӯҷаев «Андро ва сандро», А. Тарозӣ «Букӯни бобарор»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар офаридани симоҳои адабии М. Турсунзода, М. Қаноат, Р. Ғамзатов, Р. Рождественский, А. Олимxонов, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Ғулом ва диг. маҳорат дошт. Вакили мардумӣ дар парлумони вақт буд. Бо медали «Барои хидмати аъло дар ҳифзи сарҳади СССР» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶТ қадр шудааст.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads