Иероглиф
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Иероглиф (юн. ἱερός – муқаддас ва γλυφή – кандакоришуда) — хатти тасвирии рамзӣ, аломатҳои тасвирии одамон, ҳайвонот, рустаниҳо, биноҳо ва ашёи дигар; шакли асосӣ ва қадимтарин хатти мисрӣ, ки аз охири ҳазораи 4 то м. то асри 3 м. истифода мешуд.
Маъмулан, дар низоми хатти шифоҳӣ-ҳиҷоӣ вомехӯрад. Иероглиф метавонад овоз ва ҳиҷои алоҳида [унсурҳои хатти алифбоӣ ва ҳиҷоӣ (силлабографӣ)], инчунин морфемаҳо (қисми калима, ки маънои луғавӣ ё грамматикӣ дорад), калима ва мафҳумҳои куллиро (идеограмма) ифода намояд. Баъзе муҳаққиқон сабаби иероглиф ном гирифтани ин хатро бо равиши нигориши коҳинон ва роҳбарони мазҳабӣ тааллуқ доштани он медонанд. Ин хатро, маъмулан, аз рост ба чап ва аз боло ба поин менавиштанд. Ибтидо истилоҳи иероглиф бо хатти Мисри Қадим, ки таркибе аз унсурҳои хатти идеографӣ, ҳиҷоӣ ва фонетикӣ буд, алоқаманд буд. Ҳамагӣ қариб 5 ҳазор иероглиф-ҳои мисрӣ маълуманд, вале дар ҳар давра 700–800 адади онҳо истифода мешуд. Дар иероглиф-и мисрӣ ҳар як аломат як ё якчанд ҳамсадоро ифода мекард. Садонокҳо дар иероглиф ифода намешуданд ва аломатҳо мазмуни калимаи дахлдорро инъикос мекарданд. Минбаъд иероглиф барои ифодаи хусусиятҳои аломатҳои хатти чинӣ (аз ҳазораи 2 то м.), забонҳои ҷопонӣ (канҷӣ, кокудзи), кореягӣ (асрҳои 5–6) ва аломатҳои хатти баъзе мардуми Бутон истифода шудааст. Мафҳуми иероглиф нисбат ба аломатҳои дигар хатҳои ғайриалифбо низ истифода мешавад. Аломатҳои хатти қадимӣ (ҳазораи 2 то м.), аломатҳои ғайримехӣ, як навъи тасвири хатти хеттӣ (ҳазораи 2–1 то м.) ва ғ-ро, маъмулан, иероглиф меноманд. Дар тамаддуни Майя низ (ибтидои солшумории меилодӣ) маъмул буд.
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads