Иброҳим Исмоилов

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Иброҳим Исмоилов (1901, ноҳияи Ишкошими, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон20 октябр 1938, Сталинобод) — сиёсатмадор ва давлатмарди тоҷик. Падари Лола Исмоилова.

Quick facts Иброҳим Исмоилов, Таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Иброҳим Исмоилов соли 1901 дар деҳаи Нуди волости Ишкошим дар оилаи хизматчии Русияи подшоҳӣ ба дунё омадааст. Муҳассили мактаби русии Хоруғ (1914‒1917). Хид­мат дар сафи Артиши Сурх ва мақомоти Идораи мут­та­ҳи­даи давлатию сиёсӣ (1918 ‒1923, ОГПУ).

Корнома

Узви ҲКИШ (1921), раиси Кумитаи ин­қи­лобии волости Ишкошим (1923‒ 1924), ҷони­ши­ни раиси Кумитаи инқи­ло­бии ВМКБ, раиси Кумитаи иҷ­роияи ВМКБ (1924‒1927), ҷо­ни­ши­ни комиссари хал­қии Инспек­сияи коргару деҳқон (1927‒30), комиссари хал­қии молияи ҶШС Тоҷикистон (1931‒­1932), котиби дуввуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1932‒1934), мудири Шуъбаи маданият ва тарғиботи Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК (б) (1934). Шунавандаи мактаби олии ташкилоти ҳизбии назди КМ ҲК (б) дар шаҳри Маскав (1934‒1936), Комиссари хал­қии савдои ҶШС Тоҷикистон (1937). Вакили съездҳои XVI‒XVII ҲК (б), узви КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1930‒1937), узви бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон (1932‒1934).

Иброҳим Исмоилов барои бунёди корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон, маҳви бесаводӣ кӯшиш карда, бо роҳбарии ӯ чандин ки­тоб аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд.

Remove ads

Ордену ҷоизаҳо

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳ­нат қадр шудааст.

Ҳабс ва эъдом

Со­ли 1937 ҳабс шуда, ба қатл маҳкум гардид. Пас аз марг дар соли 1956 сафед карда шуд.

Некдошт

Дар ноҳияи Ишкошим осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ[1], мактаби миёнаи № 21 ва як кӯчаи шаҳри Хоруғ ба шарафи Иброҳим Исмоилов номгузорӣ шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads