Барселона (бошгоҳи футбол)

бошгоҳи футболи испонӣ From Wikipedia, the free encyclopedia

Барселона (бошгоҳи футбол)
Remove ads

«Барсело́на» (исп. Fútbol Club Barcelona) — яке аз машҳуртарин бошгоҳи футболи испанӣ аз вилояти худмухтори Каталония. Ин бошгоҳ ба номи «Ба́рса» (исп. Barça) низ машҳур аст.

Quick facts Таъсис, Мусобиқа ...

«Барселона» яке аз пурарзиштарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2022/23, бошгоҳ бо даромади солонаи 638,2 миллион евро дар ҷои ҳафтум аст[7].

Remove ads

Таърих

Соли 1899 аз ҷониби як гурӯҳ футболбозони аврупоӣ бо сарварии Жоан Гампер таъсис дода шудааст. Клуб беш аз 140 000 нафарро дар бар мегирад. Варзишгоҳи асосии клуб — «Ноу Камп» пургунҷоиштарин варзишгоҳ дар Аврупо (2012) мебошад. Дар мавсими 2006/07 «Барселона» дар байни бойтарин клубҳои ҷаҳон бо даромади 291,1 млн евро ҷойи севумро ишғол кард. «Барселона» чор маротиба (1979, 1982, 1989, 1997) Ҷоми ҷомдорони УЕФА, чор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Ҷоми чемпионҳои УЕФА (1992, 1997, 2009, 2011 2012) ва чаҳор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Суперҷоми УЕФА-ро ба даст овардааст. Солҳои 2009 ва 2011 дар байни клубҳои футболи ҷаҳон чемпиони ҷаҳон шудааст. Ҳуҷумкунандаи «Барселона» Лионел Месси ҳашт маротиба барандаи «Тӯби тилоӣ» ва аз рӯйи ин нишондод рекордсмени ҷаҳон шудааст.

Remove ads

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads