Калила ва Димна

From Wikipedia, the free encyclopedia

Калила ва Димна
Remove ads

«Калила ва Димна» (форсӣ: کلیله و دمنه) — ёдгории адабии халқҳои эронинажод, ки ба забонҳои арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ эҷод шудааст.

Quick facts Бар пояи, Жанр ...
Thumb
Дидори Калила ва Димна.
Remove ads

Муҳтаво

«Калила ва Димна» маҷмӯаи қиссаву ҳикоёти тамсилии пандомезест аз забони паррандагон ва ҳайвонот, ки масъалаҳои муҳимми ахлоқию иҷтимоиро дар либоси рамзу киноя фаро мегирад.

«Калила ва Димна» дар адабиёти форс-тоҷик

Таъсири ғояҳои умумиинсонии «Калила ва Димна»-ро дар эҷодиёти бузургтарин намояндагони адабиёти форс-тоҷик — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҷомӣ ва дигарон мушоҳида кардан мумкин аст. Вай чандин маротиба ба форсӣ ва дарии тоҷикӣ тарҷума ва танзим шудааст. Ба забони дарӣ аввал «Калила ва Димна» дар замони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (ҳукмр. 914—943) аз нусхаҳои арабии Ибни Муқаффаъ тарҷума гардид ва бо хоҳиши вазир Абулфазли Балъамӣ аз тарафи Рӯдакӣ дар баҳри Рамали мусаддаси мақсур ба назм дароварда шуд.

Thumb
Саҳифае аз нусхаи Калила ва Димна ба таърихи 1210 милодӣ.
Thumb
Саҳифае аз нусхаи Калила ва Димна ба таърихи 1429. Ҳирот.
Remove ads

Порчаҳо аз «Калила ва Димна»

«

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
»

[4]

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads