Калисои масеҳӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Калисои масеҳӣ (аз юн.-қад. Κυριακόν) — ба гирдиҳамоӣ ва иҷтимои инсонҳое, ки бо якдигар ҷамъ шудаанд ва ақоиди мазҳабии муштараке доранд, ишора мекунад, аммо дар истилоҳ ба макони ибодати масеҳиён ё ҷомеаи мазҳабии масеҳӣ гуфта мешавад. Калисои католикии Рум, Калисои православии Рус ва Калисои Англия дорои низоми епископӣ ҳастанд, ки дар он ихтиёроти калисо дар дасти епископҳо ва рӯҳониён аст. Дар калисоҳои ҷамоатӣ, марҷаи ниҳоии тасмимгирӣ дар калисо ҷамоати маҳаллӣ аст. Дар калисоҳои машоихӣ системи идораи калисо аз тарафи ҷамоати маҳаллӣ ба ҳайати раҳбарон ё машоих вогузор мегардад ва тасмимот аз тариқи порлумон ва шӯро иттихоз мешавад.

Калисои Пётри Муқаддас дар Ватикан, Калисои Самеба дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон — дуюмин калисои бузурги ҷаҳон, Калисои ҷомеи Иоанни Муқаддас дар Ню-Йорк ва Калисои Базилика дар Соҳили Эҷ аз бузургтарин калисоҳои ҷаҳон ҳастанд. Аёсуфия дар Истанбули кунунӣ дар соли 537 бузургтарин калисои ҷаҳон ба шумор мерафт.

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads