Калуга
шаҳр дар Русия From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Калуга — шаҳр дар қисмати аврупоии Русия, округи марказӣ-федеролӣ, маркази маъмурии вилояти Калуга ва шаҳри Калуга. Дар соҳили дарёи Ока ва шохобҳояш — Яченка, Калужка, Киёвка, 160 км аз қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав ҷойгир шудааст. Аҳолиаш дар соли 2023 аз 333 954 нафар иборат буд.
Дар Калуга аз соли 1892 фазонаварди машҳури назариявӣ К. Э. Сиолковский зиндагӣ мекард.
Бо иштироки бевоситаи Сергей Королёв, Юрий Гагарин ва дигар фазонавардон, аввалинбор дар дунё, соли 1967 осорхонаи давлатии фазонаварди дар шаҳри Калуга ва калонтарин дар Русия кушода шуд. 17 апрели соли 2021 барои тамошобинон қисмати дуюми намоишҳои ин осорхона кушода шуд.
Remove ads
Иқтисодиёт
Асоси иқтисодиёти шаҳри Калугаро худравсози, мошинсози, коркарди металл, саноатҳои сабук, хӯрокворӣ, электроэнергетика ва саноати масолеҳи сохтмони ташкил медиҳад.
Нигаред
Адабиёт
Пайвандҳо
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads