Канали Кӯлоб
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Канали Кӯлоб, системаи обёриест дар ноҳияҳои Кӯлоб ва Восеи вилояти Хатлон. Ба воситаи канали Деҳқонобод аз дарёи Панҷ об гирифта, ба самти шимол ҷорӣ мешавад. Тӯли умумии система 33,4 км, аз ҷумла тӯли худи Канали Кӯлоб 12 км. Бараш то 11 м, чуқуриаш то 3 м, иқтидори обгузарониаш 11,2 м3/сон. Канали Кӯлоб ба шохаҳои Арпатукилдӣ, Бештегирмони Поён, Кафтархона тақсим мешавад. Ба воситаи Канали Кӯлоб 8,4 ҳаз. га заминҳои кишти ноҳияҳои номбурда обёрӣ мешаванд. Сохтмони канал соли 1969 оғоз ёфта, соли 1974 ба анҷом расид.
Remove ads
Адабиёт
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads