Хуршед Каримов
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Хуршед Ҳилолович Каримов (10 декабри 1935, Самарқанд - 12.01.2014) — физиолог ва биохимики тоҷик, доктори илмҳои биология (1974), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1981). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Remove ads
Зиндагинома
Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Москавро хатм кардааст (1958). Аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1961). Аз соли 1961 ходими хурд, ходими калони илмй, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои Шуъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1964 Институти физиология ва биофизикаи растанй). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмй (1966—1986) ва сипас директори Институти ботаникаиАИ ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1998-2011) буд.
Remove ads
Осори илмӣ
Каримов муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳои Каримов ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад, асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ тамоми сол парвариш намудани растанй, физиологияи чигит ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Раиси Совети координационй оид ба Программаи республикавии илмӣ-техникии «Хуроки чорво». Раиси Правленияи ҷамъияти «Дониш»-и АИ ҶШС Тоҷикистон.
Remove ads
Ҷоизаҳо
- Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ»,
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Манобеъ
Нигаред
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads