Каталония
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Катало́ния (исп. Cataluña, кот. Catalunya, окс. Catalonha) — як минтақаи худмухтори испониёӣ аст, ки дар интиҳои шимолу шарқии нимаҷазираи Иберия воқеъ шудааст.
Каталония яке аз ҳашт минтақаи Испониё аст, ки бино ба вазъияти худмухторияш ба унвони миллат таъйин шудааст. Каталония шомили чаҳор устони Барселона, устони Лерида, устони Жирона ва устони Таррагона аст. Пойтахт ва бузургтарин шаҳри он Барселона аст, ки дувумин шаҳри пурҷамъияти Испониё ва ҳастаи ҳафтумин минтақаи пурҷамъияти шаҳрӣ дар Иттиҳодияи Аврупо аст. Каталония шомили қаламрави собиқи масеҳии Каталония аст. Ин минтақа аз шимол ба Фаронса ва Андорра, аз шарқ ба баҳри Миёназамин, аз ғарб ба ҷавомеи мустақили Арагон ва аз ҷануб ба бахши худмухтори Валенсия маҳдуд мешавад, ҳамчунин гӯшае аз Фаронса, ки ҳаммарз бо Каталонияи Испониё аст ва кишвари кӯчаки Андорра, каталонизабон аст ва дар кул метавон гуфт, ки масоҳати кулли минтақаи Каталония ҳудуди 40 000 километри мураббаъ аст. Забони расмии он забони каталан, забони испониёӣ ва гӯиши орании окситан аст.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads