Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон"
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъсис ёфтааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нафтрасон", ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт дар Тоҷикистон мебошад. Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо кордонии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад. Айни ҳол (с.2016) иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёристеҳсолхоҳад кард. Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нафтрасон" ба истеҳсоли сӯзишворӣ - бензин, маҳсулоти дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.[1][2]
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads