Лев Толстой
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Лев Николаевич Толстой (1828 — 1910) — яке аз нависандагони адабиёти русӣ буд.
Remove ads
Зиндагинома
Толстой Л.Н. – нависандаи маъруфи рус, дар хонаводаи ашрофзода, дар деҳаи Ясная Поляна (губернияи Тула) ба дунё омадааст. Вазъи оилаи худро (Лев се бародару як хоҳар дошт) нависанда дар асараш «Бачагӣ. Наврасӣ. Ҷавонӣ” тасвир кардааст.
Маълумоти ибтидоиро ӯ дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан ба Университети Қазон, ба факултаи фалсафа, дертар ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил мешавад. Аммо ӯ донишгоҳро тарк мекунад. Дар шаҳри Севастополи Қафқоз хидмати ҳарбӣ кардааст. Дар он ҷо маҳорати эҷодии Толстон сайқал меёбад. Пас аз хидмат ба саёҳати Аврупо мебарояд. ӯ дар якчанд мактабҳи ибтидоӣ бо усули худ ба мактаббачагон дарс додааст.
Асарҳои бузургтарини Толстой «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ба шумор мераванд. Баъдтар Толстой ба Маскав мекӯчад ва системаи динӣ-фалсафии худро асос мегузорад. Ақидаҳои фалсафии ӯ оид ба муҳаббати ҳамагон, кӯшишу такомули инсон дар мақолаҳо ва ҳикояҳояш дарҷ ёфтаанд. Дар асарҳои «Воскресение» ва «Сонатаи Кретсеров» ҳамин мазмун дида мешавад.
Лев Толстой инсони воқеан хоксору самимӣ буд ва кӯшиш мекарда, ки ба мардуми бенаво кумак расонад, бо роҳҳои гуногун бар зидди беадолатиҳо мубориза барад. Дар охири умраш аз сарвату дороӣ даст мекашад ва пас бемории сармохӯрӣ вафот мекунад.
Remove ads
Эҷодиет
Романҳои Толстой инҳоянд: «Ҷанг ва Сулҳ» ва «Анна Каренина» ва диг.; Асарҳои драмавӣ: «Хонаводаи заҳролуд» (1864), «Нигилист» (1866), «Ҳокимияти зулмот» (1886), «Коркардаи драмавии қиссаи Аггее» (1886), «Самараи маориф» (1890), «Дар торикӣ ҳам нур медурахшад» (1890-1900), «Пётр Хлебник» (1894), «Ҷасади зинда» (1900), «Ҳамаи хусусиятҳо аз ӯст» (1910) ва диг. асарҳо.

Тасвири нависанда
- Маркаи почтаи ИҶШС,
номинал 10 коп., 1935 - Маркаи почтаи ИҶШС,
номинал 20 коп., соли 1935 - Маркаи почтаи СССР,
1956 год - Маркаи почтаи ИҶШС,
номинал 20 коп., соли 1960 - Маркаи почтаи ИҶШС,
номинал 40 коп., 1960 - Маркаи почтаи ИҶШС,
номинал 60 коп., 1960 - Маркаи почтаи ИҶШС,
1978 год
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads