Мадина Акназарова

овозхони тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Мадина Акназарова (форсӣ: مدینه حق‌نظروا; зод. 15 феврали 1998, Хуҷанд, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Quick facts Мадина Акназарова, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Мадина Акназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст[1]. Падару модараш зодагони Бадахшон мебошанд. Мадина дар хонавода фарзанди ягона мебошад. Замони чорсола буданаш хонаводаи ӯ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия мекӯчанд. Пас аз ду сол онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд ва Мадина ду соли аввали таҳсилро дар яке аз мактабҳои шаҳри Чкаловски вилояти Суғд хондааст. Дар замоне, ки ӯ мактаби ибтидоӣ мехонд, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд.

Пас аз хатми синфи 2 онҳо дубора ба Санкт-Петербург кӯчиданд. Мадина то синфи 9 дар мактаби № 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Дар даврони таҳсил дар мактаб яке аз муаллимонаш мутаваҷҷеҳи истеъдоди ӯ дар заминаи овозхонӣ шуд ва ба тавсияи муаллимаш дар маҳфилҳои мусиқӣ ширкат кардааст[2].

Дар соли 2014, пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бар гаштаанд. Мадина бо маслиҳати бобояш ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ба шуъбаи академӣ (опера) рафт ва онро бо хубӣ хатм кард. Пас аз он ба таври ҳирфаӣ шурӯъ ба фаъолият дар заминаи мусиқӣ кард ва таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дод. Феълан ӯ донишҷӯи соли чоруми ин донишкада мебошад.

То имрӯз Мадина Акназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Петербург баргузор кардааст[3].

Remove ads

Овозхонӣ

Мадина Акназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик бори аввал баромад кард. Тембрҳои ғайриодии овоз, сабки иҷро, матни хуб ва нерӯ зуд ӯро дар дили мухлисон ҷо кард[4].

Албомҳо

More information Сол, Албом ...
Remove ads

Таронашиносӣ

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads