Милий Балакирев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Милий Балакирев (Ми́лий Алексе́евич Бала́кирев; (2 январ 1837, Нижний Новгород — 16 (29) майи 1910, Санкт-Петербург)) — композитори рус, пианинонавоз, дирижёр, педагог, сарвари «Могучей кучки».
Remove ads
Зиндагинома
Милий Балакирев дар оилаи мушовири ифтихории Алексей Константинович Балакирев (1809—1869) таваллуд шудааст.
Маълумоти мусиқиро дар хона гирифтааст. Солҳои 1853—1955 шунавандаи озоди факултети математикаи Универиситети Қазон буд. Соли 1856 аввалин бор дар Санкт-Петербург ҳамчун пианинонавоз ва композитор ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ибтидои солҳои 60 садаи XIX дар Петербург роҳбари маҳфили композиторон буд, ки бо номи «Маҳфили Балакирев» ё «Тӯдаи муқтадир» машҳур аст. Асосгузор (1862) ва директор (1868—1973; 1881—1908)-и мактаби ройгони мусиқӣ дар Санкт-Петербург, ки минбаъд ба маркази оммавии таълим ва тарғиби мусиқии рус табдил ёфт. Солҳои 1867—1969 сардирижёри Ҷамъияти мусиқии рус, 1883-94 директори Капеллаи сурудхонони дарбор буд.
Remove ads
Мусиқӣ
Муаллифи ду симфония (1897, 1908), «Увертюра дар мавзӯи се суруди русӣ» (1858, таҳрири 2-вум-1881), увертюраи «1000 сол» (1862, таҳрири 2-вум), достони симфонии «Рус» (1887—1907), достони симфонии «Тамара» (1882), се маҷмӯаи сурудҳои халқии рус, романсҳои «Ба наздам биё», «Суруди гурҷӣ», «Вақте ки киштзори зардшуда мавҷ мезанад» ва ғайра, яке аз офарандагони услуби нави мусиқии фортепиании рус мебошад. Асари беҳтарини фортепиании Балакирев фантазияи шарқии «Исламей» (1869) аст. Балакирев тарғибгари асарҳои М. И. Глинка (нимаи дувуми солҳои 60 садаи XIX операи «Руслан ва Людмила»-ро дар Прага ба саҳна гузошт, ба операи «Ҳаёт барои шоҳ» дирижёрӣ кард) ва композиторони ҷавон буд. Мероси мусиқии композитор бисёр аҳамиятнок ин мусиқӣ ба фоҷиаи Шекспир «Корол Лир», 2 консерт барои фортепиано бо оркестр, фантазияи фортепианоии «Исламей», пиесаҳо барои фортепиано, романсҳо, хорҳо, 2 маҷмӯаи сурудҳои халқии русӣ ва ғ. Дар таърихи фарҳанги мусиқии русӣ бо офаридани асарҳои соф халқӣ, пианинонавозӣ чиррадаст ва дирижёри бомаҳорат, ташкилотчии барҷаста ва муррабии меҳрубони композиторони ҷавон ҳиссагузор аст.[6]
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads