Момуния
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Момуния ( форсӣ: مامونيه ) — шаҳр дар қисми марказии Эрон, маркази маъмурии шаҳристони Зарандия, дар масофаи 100 км дар ғарби Теҳрон, дар масири шоҳроҳи Теҳрон – Сова воқеъ аст. Дар минтақаи кӯҳӣ, дар баландии беш аз 1250 м аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, иқлимаш тобистони начандон гарм ва зимистони сарди муътадил дорад. Аҳолияш қариб 22 ҳазор нафар (2016).
Remove ads
Таърих
Дар асрҳои миёна Маъмуния шаҳри обод, маркази ҳунармандию тиҷоратӣ дар масири роҳи Эрон ба кишварҳои арабӣ буд. Ёдгории меъмории ин давра – Теппаи Сурхқалъа, ки дар Феҳристи осори миллии Эрон дохил аст, то имрӯз боқӣ мондааст. Қалъаи ҳамном, дар давраи тоисломӣ аз хишт бунёд ёфта буд. Дар маҳаллаи Осиёбаки М. бинои сардхонаи анъанавӣ – Яхчоли Маҳдиобод, бинои ҳаммоми аҳди Қоҷория (асри 19) ва дар канори шаҳр димнаи корвонсаройи бузург боқӣ мондаанд.
Шароити муътадили обу ҳаво, табиати кӯҳӣ ва наздикӣ ба пойтахти кишвар Маъмунияро ба маркази фароғатӣ ва муолиҷаи бемориҳои роҳи нафас ва аллергӣ табдил додааст. Маъмуния ба воситаи хатти роҳи оҳан ва шоҳроҳи бузурги автомобилӣ бо шаҳрҳои Теҳрон, Ҳамадон, Қазвин ва минтақаҳои ғарбии кишвар пайваст аст. Дар Маъмуния шуъбаи Донишгоҳи озоди исломӣ фаъолият дорад. Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнӣ дар наздикии М. воқеъ аст.
Remove ads
Адабиёт
- اطلس گیتاشناسی استانهای ایران، تهران، ۱۳۸۳
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads
