Неъматулло Усмонов
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Неъматулло Усмонов — омӯзгор, олим, доктори илмҳои тиб (1969), профессор (1970), Академики АИ Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979).
Remove ads
Зиндагинома
Неъматулло Усмонов Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1950). Ординатори клиникаи ҷарроҳии умумӣ, муал. таълими ҷарроҳии мак. фелдшерию акушерии Донишкадаи мазкур (1950—1952). С. 1953 ба Сталинобод (ҳоло — Душанбе) омадааст. Мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии № 1 шаҳри Сталинобод (1953—1954). Аспирант (1954—1957), ассисистент (1957—1962). дотсент (1962—1964), профессори кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969—1970), Аз соли 1970 — мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии (ҳоло — кафедраи амрози ҷарроҳишавандаи № 2) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Ӯ 7 декабри 2012 дар Душанбе даргузашт.
Remove ads
Фаъолияти илмӣ
Дар мавзӯъи «Лечение гнойных заболеваний с фурациллином» таҳти роҳбарии профессор З. П. Хоҷаев рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Докторанти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Институти давлатии тиббии № 1 шаҳри Ленинград ба номи И. П. Павлов (1964—1969). Дар мавзӯъи «Клинико-морфологические изменения печени при портальной гипертензии до и после сосудистых и органных анастомозов» таҳти роҳбарии профессор Ф. Г. Углов рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бори аввал дар ИҶШС ваготомияи захми меъда ва рӯдаи 12 — ангушта, холангиоскопияи ташхиси интраҷарроҳии варами роҳҳои заҳрабарориро татбиқ кардааст. 80 пешниҳоди ратсионализаторӣ, шаҳодатномаи муаллифӣ ва ихтироот. Таҳти роҳбарии 31 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ташаббускори таъсиси маркази муоянаи рагҳост. Неъматулло Усмонов Узви Ассотсиатсия ҷарроҳони торакалӣ ва дилу рагҳо (Британияи Кабир), узви АВУ (Институти Библиографияи Америка), узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон (1985—1993), сармутахассиси ҷарроҳии дилу рагҳо ва шуш (1975—2000), узви раёсати Ҷамъияти умумиит. ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу раг (1988—1992), узви раёсати Фонди умумиит. шафқат ва саломатӣ ва раиси Фонди шафқат ва саломатии Тоҷикистон (1989—1992).
Remove ads
Осор
Муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ, аз қабили «Диагностика и лечение заболеваний вен нижних конечностей» (Д., 1982), «Хирургия травм сосудов и их последствий» (Д., 1991), «Лечение острых инфекционных деструкций легких» (Д., 1993), «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий» (Д., 1993), «Хроническая ишемия верхних конечностей» (Д., 1999), «Современные аспекты комплексного лечения острых лёгочных нагноительных заболеваний» (Д., 2002), «Диагностика и хирургическое лечение осложнённых форм эхинококкоза лёгких» (Д., 2004), «Курс лекций по госпитальной хирургии» (Д., 2005) ва ғ.,[1]
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads