Неъматулло Холбойзода
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Неъматулло Холбойзода (Холбойзода Неъматулло; 6 январи соли 1972, ноҳияи Шаҳритӯс, ҶШС Тоҷикистон) — агроном, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI[1] ва даъвати VII.[2].
Remove ads
Зиндагинома
Холбойзода Неъматулло Холбой 6 январи соли 1972, ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ ӯзбек. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном – олим хатм намудааст.
- Солҳои 1995 – 1996 — Бригадири хоҷагии деҳқонии «44-Чашма»-и ноҳияи Бешкент.
- Солҳои 1996 – 1997 — Сардори лабараторияи тухмисанҷии ноҳияи Шаҳритуз.
- Солҳои 1997 – 2000 — Сараграноми хоҷагии деҳқонии «44-Чашма»-и ноҳияи Бешкент.
- Солҳои 2000 – 2001 — Сараграноми хоҷагии тухмипарварии ноҳияи Бешкент.
- Солҳои 2001 – 2003 — Сараграноми Раёсати кишоварзии хукумати ноҳияи Бешкент.
- Солҳои 2003 – 2008 — Раиси хоҷагии деҳқонии «Корвон»-и ноҳияи Носири Хусрав
- Солҳои 2008- 2015 — Мудири шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав.
- Аз июли соли 2015 - 2020 — Муовини якуми Раиси ноҳияи Носири Хусрав.
- 1 марти соли 2020 — 1 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. [3]
- 2 марти соли 2025 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон даъвати ҳафтум интихоб гардидааст.[4].
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads