Низоми нимариёсатӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Низоми нимараёсатӣ[1] (форсӣ: نظام نیمهریاستی) — навъе низоми ҳукуматӣ аст, ки дар он вижагиҳои низоми риёсатӣ ва низоми порлумонӣ ба ҳам омадаанд.

Дар ин шакли ҳукуматӣ мисли шакли идораи президентӣ риёсати кишвар (риёсати давлат) бар уҳдаи президент аст, ки дар интихоботи умумӣ ба қудрат расида ва мазҳари ҳокимияти миллӣ маҳсуб мешавад ва аз масъулияти сиёсӣ дар баробари порлумон озод аст, аммо бар хилофи шакли идораи президентӣ ва ба шеваи шакли идораи порлумонӣ ҳайати вазирон бо дарёфти раъйи эътимод аз намояндагони маҷлис расмият пайдо мекунад ва дар ҷараёни фаъолиятҳои худ дар баробари порлумон масъулияти сиёсӣ доранд.
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads