Нозияи Кароматуллоҳ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Нозия Кароматуллоҳ (форсӣ: نازیه کرامتالله; 7 феврали 1988, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик. Ӯ аз овозхонони саршинос дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка мебошад. Бо забони ҳиндӣ мисли забони модарӣ сухан меронад.
Remove ads
Зиндагинома
Нозия Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар Душанбе дар хонаводаи овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбон ба дунё омадааст. Соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Сипас дар шаҳри Деҳли ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шуда, соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм кардааст[1]. Шӯҳрати Нозия аз солҳои 2010 дар байни мардуми суруддӯст баланд шудааст. Ҳунарнамоиҳои ӯ дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён шуд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббат гӯш мекунанд. Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародараш Муҳаммадрафи Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошанд.[2]
Аз соли 2006 Нозияи Кароматулло бо муҳандиси садо Олим Ширинов ҳамкорӣ дорад ва тақрибан ҳамаи сурудҳояшро дар студияи «JC Records Studio» сабт мекунад[3].
Remove ads
Дастовардҳо
Соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Kathak» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд[4].
Ҷоизаҳо
Дар соли 2022 бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст[5].
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads