Ноҳияи Исмоили Сомонӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Remove ads

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ — яке аз чаҳор ноҳияи дохилишаҳрии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.

Quick Facts Ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кишвар ...
Thumb
Бинои порлумони Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Хурдтарини аз онҳо ҳам аз ҷиҳати масоҳат ва ҳам аз ҷиҳати аҳолӣ. Тибқи маълумоти соли 2019 дар ноҳия ҳудуди 148,7 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд[2].

Remove ads

Таърих

Дар замони шӯравӣ ва аввали пасошӯравӣ ин ноҳия Октябрский [3] ном дошт, баъдан дар доираи маъракаи барқарорсозӣ ва тарғиби ҳувияти миллӣ ба ифтихори амир Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуд.

Ҷуғрофия

Ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ як қисми маркази шаҳри Душанбе, аз ҷумла хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ва нӯги шимолии шаҳрро дар бар мегирад. Дар ҳудуди ноҳия биноҳои Маҷлиси Олии (парлумони) Тоҷикистон, шаҳрдории шаҳр ва дигар муассисаҳои муҳим ҷойгиранд.

Исмоили Сомонӣ сабзтарин ноҳияи пойтахти Тоҷикистон буда, дар ҳудуди он минтақаҳои сабзу хуррам мавҷуд аст: Боғи Ғалаба, Боғи Ҳукумат, Боғи Парчами миллӣ, Боғи Садриддин Айнӣ, Боғи кӯдакон, Боғи Рӯдакӣ, Майдони Шуҳрати Комсомол, Боғи ботаникии Ирам, Боғи Истиқлолият ва Озодӣ, Боғи Гагарин. Бузургтарин қабристонҳои шаҳр – Мусулмонӣ, Православӣ, Сариосиё низ дар ҳамин маҳал ҷойгир шудаанд.

Маҳаллаҳо дар ноҳия: Нерӯгоҳи барқи обии Варзоб, Варзоб, Анзоб, Озодӣ, Лоиқ Шералӣ, Нодира, Хоҷамбиё, Шафақ, Чашмасор, Шӯраксой, Шимолӣ, Кӯҳдоман, Майдони Сарҳадчиён, Шотемур, Умари Хайём, Зайнаббибӣ, Бадахшон, Сариосиё, Сурхоб, Бохтар, Турсунзода, Тошкант, Шарқ, Амиршоев, Ҳазора, Шабчароғ, Яккабоғ, Лоҳутӣ ва ғ.

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads