Олу

From Wikipedia, the free encyclopedia

Олу
Remove ads

Олу (лот. Prúnus) — ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо.

Quick facts Олу, Табақабандии илмӣ ...
Remove ads

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тоӣ дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл.

Густариш

Дар Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимоли беш аз 30 гунаи олу мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 гунаи худрӯй ва 5 гунаи мазрӯъ (олуи маъмулӣ, кӯксултон — Р. nachichovanica, заролу—Р. salicina, сурхолу — P.simonii, Р. arasifera var. pissardii) месабзад. Махсусан олуи маъмулӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мепарваранд.

Корбурдҳо

Олуро барои тайёр кардани компот, мураббо, шарбат, рубъ (повидло), мармелад ва тару тоза истифода мебаранд. Хушк ҳам мекунанд. Олу дар таркибаш аз 9 то 20 % қанд, 0,4—Зп』о ҷавҳар, қариб 1 % моддаҳои пектинӣ, то 1 % моддаҳои даббогӣ, витаминҳои Bi, B2, С, К, РР, каротин (провитамини А) ва ғайраҳо дорад.

Нигаред низ

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads