Опера-буффа
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Опера-буффа (фр. opéra buffa, операи мазҳакавӣ) — жанри операи итолиёӣ; мазҳакаи мусиқӣ дар сужети ҳаётӣ. Опера-буффа дар охири садаи XVIII ва аввали садаи XIX пайдо шуда, дар асоси ҳаргуна мазҳака ва эҷодиёти сурудҳои халқӣ-ҳаётӣ маъмул гардид. Дар муқоиса аз операҳои мазҳакавии олмонӣ, австриягӣ, фаронсавӣ, россиягӣ дар Опера-буффа саҳнаҳои нутқ (суханронӣ) вуҷуд надоштанд; ба ҷои онҳо речитатив васеъ истифода бурда мешуданд. Муаллифони машҳури Опера-буффа дар Аврупо Д. Перголези («Хонум-хидматгор»), Д. Чимароза («Никоҳи махфӣ») ва ғ. дониста шуданд.[1]
Remove ads
Нигаред
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads