Ордени Зарринтоҷ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Ордени Зарринтоҷ  — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001) таъсис дода шудааст. Бо ордени Зарринтоҷ ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон барои хидматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои саҳми шоиста ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, рушди илм ва фарҳанг, барои хидматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ дар истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон сарфароз гардонида мешаванд[1].

Quick facts Кишвар, Дараҷаи болотар ...
Remove ads

Дараҷаҳо

Ордени Зарринтоҷ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
  • ордени Зарринтоҷ дараҷаи III.

Аз рӯи дараҷа ордени Зарринтоҷ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Зарринтоҷ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад. Нафақаи дорандагони ордени Зарринтоҷ дараҷаи I чил дарсад, дараҷаи II сӣ дарсад ва дараҷаи III бист дарсад зиёд мешавад.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III

Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо на камтар аз ду орден ё медал ва унвони фахрӣ мукофотонида шудаанд.
Remove ads

Тавсиф

Нишони ордени Зарринтоҷ аз нуқра сохта шуда, тарҳаш ба ситораи ҳафтгӯша шабоҳат дорад ва рӯи он бо ранги сафед сирдавонӣ шудааст. Канораҳои ситораро ҳошияҳои зарандуди борик оро медиҳанд. Нақшу нигори байни гӯшаҳои ситора ба шакли шохчаҳои дарахти булут аст, ки бо ранги сабз сирдавонӣ шудааст. Дар маркази ситора медалони мудаввари барҷаста ҷойгир буда, ду доираи ҳошиядори зарандуд дорад. Дар доираи сафеди сирдавонишудаи маркази медалон тоҷ ва дар болои он ба шакли нимдоира ҳафт ситораи панҷгӯшаи зарандуд тасвир шудааст. Доираи дуввум бо ранги сабз сирдавонӣ шуда, дар қисми болоии он бо ҳарфҳои зарҳалӣ навиштаҷоти «ЗАРРИНТОҶ» ва дар қисми поинии он «ТОҶИКИСТОН» сабт шудааст. Нишон тавассути ҳалқа ба тасмаи орден маҳкам мешавад. Дар пушти орден рақами тартибии нишон сабт шудааст. Андозаи қутри нишони ордени Зарринтоҷи дараҷаҳои I ва II 5,6 см ва дараҷаи III 4 см мебошад. Андозаи қутри ситораи ҳафтгӯшаи нуқрагуни орден 8,6 см аст. Дар маркази ситора нишони барҷастаи орден бе нақшу нигори байнигӯшавӣ насб карда шудааст. Канораҳои тасмаи сабзи парниёнии ордени Зарринтоҷ рахҳои нуқрагин дорад. Паҳнои тасмаи дараҷаи I – 10 см, паҳнои рахҳо ва масофа аз канораҳои тасма – 4 см. Паҳнои тасмаи дараҷаҳои II ва III – 38 мм, паҳнои рахҳо ва масофа аз канораҳои тасма – 3 мм. Зеҳи филиззии овезаи доимии ордени Зарринтоҷ (паҳноӣ 38 мм, баландӣ 10 мм) бо тасмаи парниёнӣ рӯйкаш шудааст. Бандинаи марказии зеҳи дараҷаи I (қутраш 8 мм) аз шерозаи тилоранг ва дараҷаи II аз шерозаи нуқрагун тайёр шудааст. Дараҷаи III бандина надорад. То таъсиси нишони махсуси матонат – Ситораи тилои «Қаҳрамони Тоҷикистон», тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 309 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996) ба сарфарозшудагон медали тилои Зарринтоҷ ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» супурда мешуд. Пас аз таъсиси Ситораи тилоии «Қаҳрамони Тоҷикистон» (2001) медали Зарринтоҷ ба ордени Зарринтоҷ табдил дода шуд. Нафақаи дорандагони ордени Зарринтоҷ дараҷаи I чил дарсад, дараҷаи II сӣ дарсад ва дараҷаи III бист дарсад зиёд мешавад. Нишони ин дараҷаи орден бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads