Остона
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Остона́ (қаз.: Астана[4]) (пештара Акмо́линск, Селиногра́д, Акмола́, Нурсулто́н) —шаҳр дар шимоли Қазоқистон, пойтахташ[5] аз 10 декабр соли 1997.
Remove ads
Ҷуғрофиё
Дар соҳили дарёи Ишим (Есил) ҷой гирифтааст. Аҳолиаш 697257 нафар (январи 2011). Остона роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард, аэропорти байналмилалӣ дорад.
Таърих
Соли 1824 чун истеҳкоми ҳарбии сари роҳи Ишим ба вуҷуд омадааст. Аз соли 1832 шаҳр, баъд марказҳои уезд (1868—1920), губерния (1920-28) ва округи Акмолинск (1928-30); дертар маркази ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ (1930-32), вилоятҳои Қарағандӣ (1932—1939), Акмолинск (1939—1960), Кишвари навкорам (1960—1965) ва Селиноград (1965—1992).
Иқтисод
Остона маркази саноатии мамлакат аст. Дар он мошинсозӣ (мошинҳои кишоварзӣ ва нақлиётӣ), саноати сабук ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Аз соли 1997 дар Остона на минтақаи махсуси иқтисодӣ фаъол аст.
Маориф ва фарҳанг
Дар Остона 18 мактаби олӣ (аз ҷумла Донишгоҳи авроси (аврупо-осиёӣ)-и ба номи Л. Н. Гумилёв, донишгоҳи кишоварзӣ, академияи идоракунии давлатӣ ва академияи дипломатӣ); театри опера ва балет, театри драмаи русӣ, осорхонаҳои кишваршиносӣ, санъати муосир ва осорхонаи нависанда С. Сейфуллин фаъолият доранд.
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads