Офтоб Шивдасонӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Офтоб Шивдасонӣ
Remove ads

Офтоб Шивдасонӣ — яке аз ситорагони машҳури синамои Болливуди Ҳиндустон дар айни ҳол мебошад.

Quick facts Офтоб Шивдасонӣ, Таърихи таваллуд: ...
Remove ads

Зиндагинома

Офтоб Шивдасонӣ 25 июни соли 1978 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Ӯ коллеҷи тиҷорати шаҳри Мумбайро хатм намудааст. Ӯ ҳанӯз аз замони кӯдакияш дар филмҳо иштирок мекард ва яке аз машҳуртарин ҳунарпешагони хурдсоли давронаш буд. Офтоб дар филмҳои машҳури онвақта 「Мистер Индия」, 「Шоҳаншоҳ」 ва 「Инсоният」 нақш офарида буд. Вале нақши аввалине, ки роҳи Болливудро ба ӯ кушод, иштирок дар филми 「Маст」 буд. Дар ин филм, ки коргардонаш Рам Гопал Верма буд, Офтоб бо ҳамроҳии ҳунарпеша Урмила Матондкар нақш офарид ва соҳиби ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди дебютант гардид. Вале, ба ҳар ҳол, карйераи Офтобро он қадар бомуваффақият гуфтан ҷоиз нест. Ин шояд аз сабаби он бошад, ки Офтоб нақшҳо ва филмҳои ба ӯ пешниҳодшавандаро худаш интихоб мекунад ва аз бозӣ кардан дар нақшҳои ҷиддӣ шарм медорад.

Ба ин нигоҳ накарда, ӯ дар чунин филмҳои машҳур, аз қабили Awara Paagal Deewana (2002), Hungama (2003) ва 「Мастӣ」 (2004) нақш офарид. Хусусан, филми 「Мастӣ」 (2004) хеле машҳур гардид. Он дар бораи се рафиқе, ки арӯсонашонро медузданд, ҳикоят мекунад. Офтоб то ҳол чун яке аз ситорагони обрӯманди синамои Ҳинд боқӣ мемонад.

Remove ads

Ҳаёти шахсӣ

Волидайни Офтоб пайравони динҳои гуногун мебошанд. Модари ӯ мусулмон буда, падараш пайрави дини ҳиндувон мебошад. Худи Офтоб бошад нимсингҳӣ аст. Офтоб бо ҳунарпешаи чех Яна Гупта ишқварзӣ мекунад ва ҳоло кӯшиши ӯро ба дунёи Болливуд ворид кардан дорад. Офтоб Шивдасонӣ яке аз хушрӯйтарин ҳунарпешагони синамои Ҳиндустон мебошад.

Офтоб зебоии табиатро дӯст медорад. Ӯ бештар аз он метарсад, ки наздиконашро аз даст медиҳад. Офтоб дастгирии наздикону аҳли оиларо хеле муҳим мешуморад. Ба ақидаи ӯ, тақдири ҳар як инсон дар дасти худаш мебошад.

Remove ads

Филмҳои офарида

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads