Сергей Прокофев

From Wikipedia, the free encyclopedia

Сергей Прокофев
Remove ads

Сергей Прокофев (11 [23] апрел 1891[1], Сонтсивка[d], губернияи Екатеринослав[d][2]5 март 1953[3][4][1][…], Маскав[4][2]) — оҳангсоз, пианинонавоз ва дирижёри барҷастаи шӯравӣ. Артисти халқии РСФСР (1947).

Quick facts Сергей Прокофев, Иттилооти асосӣ ...
Remove ads

Зиндагинома

Прокофев дар 5-солагӣ фортепиано навохта, мусиқӣ эҷод мекард. Прокофев мавриди ба Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт-Петербург) дохил шуданаш (1904) ба ҳайати комиссия зиёда аз 50 пиеса барои фортепиано ва 3 опера пешниҳод кард. Дар давраи таҳсил аз фанҳои тахассусӣ аз беҳтарин мутахассисон дарс гирифт (Н.Римский-Корсаков, А.Лядов, А.Есипова, Н.Черепнин). Прокофев консерваторияро бо ихтисосҳои композитсия, фортепиано ва дирижёрӣ бо мувафақият хатм кард. Солҳои 1910—1917 ӯ 2 консерт барои фортепиано ва скрипка, «Сюитаи скифӣ», «Симфонияи классикӣ», операи «Бозингар», силсилаи пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи вокалии «Мурғобичаи бадафт» ва ғ. эҷод кард. Баҳори соли 1918 Прокофев бо сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар рафт ва он ҷо то соли 1932 монд. С. 1932 ба ватан баргашта, ҳама маҳораташ кушода шуд ва ӯ асарҳои бисёре дар жанрҳои гуногун офарид. Аз ҷумла кантатаи «Александр Невский», операи «Семён Котко», «Ҷанг ва сулҳ», оратория ва ғ., балетҳои «Ромео ва Ҷулиетта», «Золушка», «Гули сангӣ»; сонатаҳои фортепианӣ; симфонияҳо, аз ҷумла, Ҳафтум, бо ҷоизаи Ленинӣ сарфароз гардид. Бахши муҳимтарини эҷодиёташ-мусиқӣ барои бачагон мебошад: сурудҳо, пиесаҳои фортепианӣ, афсонаи симфонии «Петя ва гург» мебошанд. Осори эҷодиёти Прокофев ҳама жанрҳои мусиқиро фаро гирифтанд.[5]

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads