Пӯлод Абдуллоев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Пӯлод Абдуллоев (Абдуллоев Пӯлод Абдуллоевич; 1906, қишлоқи Кӯлканд, ноҳияи Исфара – 1983, ҳамон ҷо) — ходими давлатӣ.
Remove ads
Зиндагинома
Аз оилаи деҳқон. Фаъолияти кориаш аз 12-солагӣ шурӯъ шуд. Соли 1924 ба сафи комсомол дохил шуда, курсҳои мактаби партиявию советӣ ва педагогии Самарқанд (1925 – 26), Университети коммунистии Осиёи Миёна (1932), курсҳои олии сохтмони советии назди КИМ-и СССР (1937), Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б) (1942 – 43)-ро хатм кардааст. Солҳои 1927 – 28 котиби Комитети комсомолӣ, 1928 – 31 раиси комиҷроияи ноҳияи Исфара, 1933 – 36 ҷонишин, баъд раиси комиҷроияи ноҳияи Ҷиликӯл, соли 1938 котиби Комиҷроияи шаҳри Душанбе, баъд парторги КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1938 – 40 раиси Суди олии республика, 1940 – 43 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1943 – 61 вазири назорати давлатии республика ва ҷонишини раиси Комиссияи назорати советии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ.
Remove ads
Мукофоту орденҳо
Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Нишонаи Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Хотира
Дар зодгоҳаш нимпайкара ва кӯчаеро ба ёдбуди Абдуллоев гузоштаанд.
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads