Сергей Рахманинов
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сергей Василевич Рахманинов (1873-1943) — композитор, пианинонавоз ва дирижёри барҷастаи рус.
Remove ads
Зиндагинома
Рахманинов таҳсили мусиқиро дар Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт – Петербург) оғоз намуд (1882), дар соли 1885 ба Москва кӯчидааст. Ӯ соли 1891 Консерваторияро ҳамчун пианинавоз ва баъди як сол бо ихтисоси композитор хатм кардааст. Устодонаш С. Танеев, А. Аренский, А. Зилоти буданд. Барои кори имтиҳониаш операи якпардагии «Алеко» (аз рӯйи достони Пушкин «Лӯлиҳо»), Рахманинов бо медали тило мушарраф гашт. Баъд аз ин ӯ дар андак вақт фантазияи симфонии «Утёс», «Триои элегӣ ба хотираи Чайковский», «Симфонияи якум» ва ғ.-ро эҷод кард, ки ӯро ҳамчун шахси боистеъдод дар мусиқии калон муаррифӣ намуданд. Дар ин солҳо Рахманинов чун пианинавоз бо муваффақият консертҳо медиҳад. Дар соли 1897 ӯ ба ҳайси дирижёри Операи хусусии русӣ, баъдтар Театри Калон фаъолият дошт. Солҳои 1901 то 1916 асарҳои беҳтарини худро – Консертҳои дуюм ва сеюм барои фортепиано, Симфонияи дуюм, операҳои «Ритсари хасис» ва «Франческа да Римини», достон барои оркестр, хор ва яккахонон «Колокола», романсҳо, прелюдияҳо ва этюдҳо – нақшҳо барои фортепиано офаридааст. Дар соли 1917 Рахманинов бо барномаи консертӣ ба хориҷи кишвар (ИМА) сафари ҳунарӣ кард ва дар он ҷо то охири умр монд. Танҳо баъди 10 соли аз Россия рафтанаш Рахманинов боз ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ кард; дар хориҷа Консерти чорум ва Рапсодияи дар мавзӯи Паганини барои фортепиано бо оркестр, Симфонияи сеюм ва рақсҳои симфониро эҷод намуд. Эҷодиёти ин пианинавози бузург ва композитори бомаҳорат Сергей Василевич Рахманинов мероси пурифтихори ватанӣ ва классики ҷаҳонӣ ба шумор меравад.[9]
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads