Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
Remove ads

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ (7 октябри соли 1967, ноҳияи Данғара) — фармондеҳи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Аз соли 2013 сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. [1] [2]

Quick facts Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Зодрӯз ...
Remove ads

Зиндагинома

Раҷабалӣ Файзалиевич Раҳмоналиев 7 октябри соли 1967 дар ш. Данғара, Вилояти Хатлони ҶШС Тоҷикистон маркази ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. [1] Соли 1989 Мактаби олии сохтмони ҳарбӣ-сиёсии Таллинро бо ихтисоси ҳарбӣ-сиёсӣ хатм кардааст. [1]Дар давоми хизмат дар Челябинск ва РСС Қазоқистон буд. [3] Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.

Фаъолият

Моҳи марти соли 1992 ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон омада, дар Вазорати дифоъ дар вазифаҳои муовини комиссари ҳарбӣ хизмат кардааст. [1] Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар отряди Фронти Халқии Тоҷикистон хизмат кардааст. [3] Моҳи январи соли 2004 ба ҷои Ғаффор Мирзоев фармондеҳи Гвардияи миллӣ шуд. [1] 20 ноябри соли 2013 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуд, ки ҳамзамон бо вазифаҳои сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ кор мекунад. [1]

Thumb
Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Тошкент соли 2019.[4]
Remove ads

Ҷоизаҳо

Дорандаи мукофотҳои давлатӣ: ордени «Спитамен» (1997), ордени «Шараф» (1999) ва ордени «Зарринтоҷ дараҷаи II» (2013). [1]

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads