Рӯзи модар

From Wikipedia, the free encyclopedia

Рӯзи модар
Remove ads

8 март — иди байналмилалӣ, ба шарафи модар ҷашн гирифта мешавад.

Thumb
Модари тоҷик
Thumb
Модари тоҷик дар вақти самбӯсапазӣ

Дар Тоҷикистон

Истиқболи Рӯзи модар аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон» — ро ба Рӯзи модар иваз намудааст..[1]

Рӯзи модар ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар арафаи рӯзи 8 март ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Нисбати модарон ва занон чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Мардон ва ҷавонон ба модарону бонувон туҳфаву гулдастаҳо дастрас мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувонро бо иди Рӯзи модар табрику муборакбод менамояд.

8 март — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Remove ads

Шеърҳо дар васфи Модар

Лоиқ Шералӣ

Ишқи Лоиқ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи «Модарнома» гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.

Ё:

Дар миёни кӯҳсорон,
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон,
Ҷон ато кардӣ маро.
Ҷон ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз паи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро.
Дил ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.

Эраҷ Мирзо

Гӯянд маро чу зод модар
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт…
Remove ads

Нигаред

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads