Саидмурод Бостонгуҳар
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Бобомуллоев Саидмурод Бостонгуҳар (10 сентябри 1960, деҳаи Ворӯ, ноҳияи Панҷакент — 16 декабри 2024, Душанбе) — бостоншинос ва таърихнигори тоҷик, доктори илмҳои таърих (2010).
Remove ads
Зиндагинома
Баъди хатми мактаб (1977) дар з-ди консерви шаҳри Панҷакент (1977-79) кор карда, солҳои 1979-81 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди хатми факултаи таърихи УДТ (ҳоло ДМТ) дар вазифаҳои лаборанти калони базаи бостоншиносии Панҷакент (1986—1987), методисти осорхонаи мактаб (1989-89), х. х. илмии лабораторияи бостоншиносии осорхонаи мамнӯъгоҳи Ҳисор (1989-91), х. х. илмӣ (1991-97) ва ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон (1997—2000) фаъолият намудааст. Аз соли 2000 директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон.
Remove ads
Фаъолияти илмию бостоншинохтӣ
Бостонгуҳар дар экспедитсияҳои бостоншиносии Саразм, Бунҷикат, Дашти Қозӣ, Зарча Халифа ва Аҷиннатеппа ширкат варзида, бо бостоншиносони машҳур Бостонгуҳар А. Литвинский, В. В. Ранов, Н. Н. Неъматов, А. И. Исҳоков ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои «Тамаддуни кишоварзӣ ва чорводории Саргаҳи Зарафшон дар ҳазорсолаи II то милод» рисолаи номзадӣ (1996) ва «Таърихи омӯзиши ёдгориҳои археологии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи докторӣ (2010) ҳимоя намудааст. Дар конференсияҳои байналхалқии Порис (2009, 2010), Берлин (2000), Ҳамбург (2001), Киёто (2005), Токио (2006), Манхейм (2010), Мадрид (2010), Лиобен (2010), Алмаато (2011), Ашқобод (2011) ва Маскав (2011) маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Соли 2005 дар «Экспо-2005» ёдгорҳои бостоншиносии Тоҷикистонро дар шаҳри Айчии Ҷопон муаррифӣ кард. Аз соли 2007 узви комиссияи сабти номи ёдгорҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва роҳбари экспидитсияи бостоншиносии Қалъаи Кофарниҳон.
Зиёда аз 80 мақолаи илмии Бостонгуҳар бо забонҳои олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва ҷопонӣ ба чоп расидаанд.
Remove ads
Даргузашт
Саидмурод Бобомуллоев 16 декабри 2024 бар асари сактаи мағзӣ дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт[1].
Осор
- Верховье Зарафшана во II тыс. до н. э. Д., 1998;
- К истории археологического исследования Южного Таджикистана. Д., 2006;
- Создание и деятельность Таджикской археологической экспедиции в 40-50-е годы XX века. Д., 2006;
- История изучения археологических памятников Южного Таджикистана (XX — начало XXI вв.). Д., 2010.
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads