Саидмуҳаммад Одинаев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Саидмуҳаммад Одинаев (19 октябр 1942, Ноҳияи Ховалинг — 3 август 2023) — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004)[1]
Remove ads
Зиндагинома
Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст (1965). Фаъолияти кориаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст (1965—1966).
- 1968—1988 — ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон,
- 1988—1996 — дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 1996—1999 — профессори ҳамин кафедра,
- 1999—2001 — директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2001—2005 — ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ,
- 2005—2008 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 2008 — 2023 — профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: Назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ. Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистики ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.
Remove ads
Осор
- Молекулярная теория структурной релаксации и явлений переноса в жидкостях. — Душанбе,1998 (бо ҳаммуаллиф)
Ҷоизаҳо
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads
