Сайдулло Абдуллоев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сайдулло Абдуллоев (18 феврали 1945, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 12 майи 2001 Хуҷанд, Тоҷикистон) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
Remove ads
Зиндагинома
Сайдулло Абдуллоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1967). Солҳои 1967 – 74 муаллим, муаллими калон, 1974 – 92 дотсент, муовини декан, декани факултети таърихи ҳамин донишкада, 1992 – 1995 ноиби ректор ва аз соли 1995 то охири умр ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Сайдулло Абдуллоев доир ба масъалаҳои рушди илм, маорифу фарҳанг дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ зиёда аз 350 таълифоти илмӣ, илмӣ – оммавӣ ва публитсистӣ ба табъ расондааст. Перомуни ҳаёту фаъолияти фарзандони номвари миллат Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар китобу рисолаҳои ҷолиб навиштааст.
Remove ads
Осор
- Фидоии илму маърифат, Х., 1997;
- Фарзанди замон, Х., 1997;
- Рост культуры Таджикистана в 30-е годы, Х., 1998;
- Академик Бобоҷон Ғафуров, Х., 1998;
- Амир Исмоили Сомонӣ, Х., 1998;
- Амирони Сомонӣ, Х., 1999;
- Илм ва фарҳанги Тоҷикистон дар нимаи аввали қарни XX, Х., 1999;
- Нақши умр, Х., 2002.
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads