Самовор

From Wikipedia, the free encyclopedia

Самовор
Remove ads

Самовор, самовар (аз русии сам — худ ва вар — ҷӯш) — зарфест барои ҷӯшонидани об.

Thumb
Самовари «Дулей гравированный»

Иборат аз тана (обдон), сарпӯш, кампирак, нӯл, ду даста ва поя. Асосан аз мис ва руҳ месозанд. Ду хели самовор маъмул аст: аловӣ ва электрӣ, ки шаклан фарқ надоранд. Самоворҳо ҳастанд, ки 0,5 л ва аз 40 то 80 л об мебарад. Самовори аловӣ ва электрӣ.

Пеш дар Осиёи Миёна аз чойҷӯшҳои калони аловӣ истифода мебурданд. Сонӣ дар байни мисгарони мазаллӣ мисли самовори русӣ аз мис самовор сохтан расм шуд. Самовор ба Осиёи Миёна дар нимаи дуюми садаи XIX оварда шуд. Аввалин устохонаҳои самоворсозӣ охири садаи XVIII дар шаҳри Тула сохта шуда буданд. Сонитар дар Петербург, Урал ва дигар ҷойҳо устохонаҳо пайдо шуданд. Ҳозир дар аксарияти шаҳрҳои мамлакатамон корхонаҳои самоворсозӣ ҳаст.

Remove ads

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads