Сарбоз
касе, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва поинтарин рутбаи низомиро дорад. From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сарбоз (форсӣ: سرباز) — пойинтарин ва нахустин дараҷаи низомӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе пойинтар аз размюз дорад ва баробар бо новӣ дар нерӯи дарёӣ аст; аскари қаторӣ[2].
Дараҷаи пойинтар: — |
![]() Сарбоз |
Дараҷаи болотар: Размюз |
Remove ads
Вожашиносӣ
«Сарбоз» аз ду бахш сохта шудааст: сар (форсӣ: سر < порсии миёна: sar < порсии бостон: *sarah-) + боз > бохтан. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + асоси феъли замони ҳозираи «бохтан» (боз)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
«Сарбоз» дар истилоҳ касеро гӯянд, ки аз сару ҷони худ гузаштаву омодаи ҷонбозӣ бошад[3][4].
Ин вожа аз дер боз ба маънои «аскар, аксари қатории пиёда[5]; сипоҳӣ, лашкарӣ»[5] ба кор меравад. Аз ин рӯ, «сарбоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «аскари қаторӣ» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[6].
Remove ads
Рутбабандӣ
Дар нерӯҳои мусаллаҳ низомиеро сарбоз мегӯянд, ки зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва пойинтарин рутбаи низомиро дорад[7].
Дараҷаи сарбозӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 1 — 3 рутба — сарбоз, сарбози дувум, сарбози якум — дорад, ки баробар бо дараҷаҳои НАТО OR-1 — OR-3 ҳастанд.
Ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо як рутба дорад, ки «аскари қаторӣ» номида мешавад[2].
Remove ads
Пешина
Дараҷаи «аскари қаторӣ» соли 1946 дар Артиши Шуравӣ ҷойгузини дараҷаи «аскари сурх» шуда, ки он соли 1918 дар Артиши Сурх ҷорӣ шуда ва 22 сентябри 1935 ҳамчун пойинтарин дараҷаи фардии сарбозӣ пазируфта шуда буд[8].
Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ба кор гирифта шудааст.
Эзоҳ
Пайвандҳо
Нигаред
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads